Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
МУҲИДДИН ХОҶАЗОД
(таваллудаш соли 1938)
23 ноябри соли 1938 дар деҳаи Николо-Александровскийи ноҳияи Азгири музофоти Ставрополи Федерацияи Русия таваллуд шудааст, зеро падараш Олимхон Махдуми Хуҷандиро соли 1930 чун мударриси Мадрасаи Ҳазрати Бобо ба Қафқози Шимолӣ бадарға карда буданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шаш моҳи асорати фашистиро аз сар гузаронда, соли 1946 ба Хуҷанд баргашта, баъдтар ба Самарқанд кӯч бастаанд. Солҳои 1942-1948 аз Самарқанд ба Душанбе кӯчидаанд. Соли 1956 мактаби русии №1 шаҳри Душанберо хатм карда, ҳамон сол вориди факултети филологияи рус, сипас филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуда, онро соли 1961 хатм кардааст. Соли 1961 мудири шуъбаи санъат ва драматургияи маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шуда, соли 1962 дар Курси олии сенаристони Маскав ба такмили касби филмноманависӣ пардохтааст.
Баъди хатми он (1965) дар Киностудияи «Тоҷикфилм» адои вазифа намудааст. Соли 1968 аввал котиби масъул, баъдтар ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шудааст. Баъдан вазифаи ҷонишини раиси Кумитаи кинематографияи Тоҷикистонро бар уҳда доштааст.
Баъди муттаҳид шудани Кумитаи кинематографияву Вазорати фарҳанг аввал Сардори Раёсати санъат, баъдан сармуҳаррири он будааст.
Соли 1997 бо аҳли хонадонаш ба Хуҷанд бозгашта, аввал дар шуъбаи фарҳанги Ҳукумати вилояти Суғд чун ҷонишини сардор, баъдтар дар Китобхонаи давлатии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ чун сармуҳаррир кор кардааст. Ҳоло нафақахӯри сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.
Дар тӯли чиҳил соли фаъолияти эҷодӣ чун нависанда ва драманавис зиёда аз 12 асари бадеӣ, як силсила

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо