Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Боз аз хуни дили рехта мактуб кунам,
Ёд аз ишқи ту, эй дилбари маҳбуб кунам.
Ҳар қадар дур шавӣ аз ману хилват ҷӯй,
Он қадар дар ғами ту сӯзаму ошӯб кунам.
Об пошанд гузаргоҳи туро чашмонам,
Миҷҷаам баҳри хаси роҳи ту ҷорӯб кунам.
Равам аз пайраҳаи сабзи сухан то дили ту,
То ки аз шоҳаи меҳри ту қаламҷӯб кунам.
Гар ба ман мартабаи Рустами Дастон бидиҳанд,
Хешро назди қадамҳои ту мағлуб кунам.
Ғам шарики умри кӯтоҳи ман аст,
Умри ман кӯтоҳ аз оҳи ман аст.
Дар ҷаҳон танҳо шафақ,
танҳо шафақ,
Аз ҳама ёри дилогоҳи ман аст.
Ҳар қадар ки нарх қимат мешавад,
Боз арзон донаю коҳи ман аст.
Он ки умре пешпоям медиҳад,
Боз бинам дар сари роҳи ман аст.
Бар замини пургуноҳ аз осмон,
Он ки санг андохт, арвоҳи ман аст.
Пазмони рӯят мешавам ҳар шаб, эй маҳтоби ман,
То кай гурезӣ аз барам, дилдодаи ноёби ман.
То чанд оҳи пуралам аз мағзи ҷонам мекашам?
Чун барфи кӯҳе об шуд охир тани пуртоби ман.
Берун наояд ашки ман аз чашмаи чашмам дигар,
Аз гирдгардии сари монандаи гирдоби ман.
Ман ишқи пурсӯзи туро аз меҳр девон кардаам,
Аз чӣ набикшоӣ лабат як бор ҳам аз боби ман?
По гуфт: Худро мебарам то кӯи ёри дигаре
Дил гуфт: ин бетоқатӣ дур аст аз одоби ман.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо