Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

гирифтаанд. Саҳарӣ ва қариби офтобшин қаҳ-қаҳи кабк ва хониши мурғони дигар ин сойю дараро пур аз навои дилнишин мегардонанд. Дар қисми шимолӣ, аз қади сангов сар карда, то тарафи боло ҷо- ҷо буттаҳои газу дарахтони зарбед, болотар аз он дар доманаи теппа дулонаю чормағз, муруди ёбой, олучаю себи худрӯй зиёд аст. Каме болотар дар андак даштигарӣ, Боғи булбулон воқеъ аст, ки каси ба ин ҷо омада гумон мекунад ҳама булбули дунё дар ин боғ макон гирифтаанд. Охири дара торафт ба ҷангали анбӯҳе табдил ёфтааст ва солҳост, ки ба ин ҷо ғайри аз ҳайвону даррандагони ваҳшӣ паи қадами одамӣ нарасидааст. Аксари шикорчиҳое, ки ба ин тараф пинҳону рӯшод меоянд, бештар дар қисми поён гаштугузор мекунанд.

Модакабк дар поёни Боғи булбулон, хеле дур аз пайраҳаи ба сӯи боғ меомадагӣ, зери гулхори начандон калоне тухм хобонида ҷӯҷа бароварда буд ва панҷ ҷӯҷаи нав серӯза шуда чик-чиккунон аз дунболи модар худро ба чор тараф зада лаҳзае ӯро ором намегузоранд. Аз рӯзи аз тухм баромадан то ба ҳашт- даҳрӯза шудани ҷӯҷаҳо давраи ниҳоят мушкил ва азияткашии модакабк аст, зеро дар ин рӯзҳо ҷӯҷаҳо ба ғайри аз хислатҳои модарзодӣ ва қуввату ҳаракати роҳгардии зиёд, болу пар ва таҷрибаи зиндагӣ надоранд, ки худро аз душман муҳофизат карда тавонанд.

Рӯзҳои аввал модакабк ҷӯҷаҳояшро аз назди буттаи гулхор он қадар дур набурд. Онҳоро аз дунбол то пайроҳа бароварда аз душман пинҳон шуданро омӯхт ва ҳамин ки модар як бор «пиҳ» мегуфт, аллакай ҷӯҷаҳо хавферо пай бурда, барои ба зери бутта ва ё сӯрохие панах бурдан тайёр мешуданд. Вақте ки модакабк «қа- кӣ» гуфта овоз мебаровард, ҷӯҷаҳо ба ҳар тараф гурехта сари худро ба сӯрохӣ ва ё зери хасу каҳмол панаҳ карда, почаҳакони борики худро ба зери бадан ҷамъ намуда, начунбида,

пешина
аз 343
навбатӣ