Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
қарор мегирифтанд, то даме ки модар бо овози нисбатан форам «қақиб, қа-киб» гуфта садо намебаровард, ҳеҷ кадоме аз онҳо заррае аз ҷо намеҷунбид. Табиат ранги пашмакҳои нав аз тан баромадаи ҷӯҷаҳоро ба ранги регу хоки ин мавзеъ чунон монанд гардонидааст, ки ҳарчӣ чашми тезбин дошта бошед, ёфтани ҷӯҷаҳо кори осон нест. Аммо ҳамин ки ҷӯҷаҳо пару бол бароварда аз давраи калакӣ баромада гирдтефак мешаванду парвозро ёд мегиранд ва хусусан, вақте ки кабк пари қанҷак бароварда арӯсак мешавад, дар сару бадан хату хол, дар гардани базеб ҳалқаҳои ранги бунафшу гулобӣ аён мегардаду чик – чикаш ба қақбаи кабкони дигар монанд мешавад, ҷӯҷаи ягон паррандаи дигар дар зебогӣ ба ҷӯҷаи кабк баробар шуда наметавонад, вале даст гирифтани ҷӯҷаи кабк дар ин ҳолат номумкин аст. То ин ҳангом модакабк он қадар таҷрибаи зиндагиро ба ҷӯҷаҳо меомӯзонад, ки ҷӯҷа зиндагии озодонаи кӯҳу пӯштаро хуб сарфаҳм меравад ва ба шарте ба дасти одамӣ афтад ҳам, ром шуданаш амри маҳол аст. Ҳатто то охири ҳаёт ӯро барои дар қафас нигоҳ доштан меҳнат кунӣ ҳам, қабки ноомӯхти сурак - сурак мемонад. Ба гуфти усто Сайёди ҳамсоямон, ба шарте сагро ба зӯрӣ шикор бурда фоида бинӣ ҳам, қабки суракро ба зӯрӣ ром карда, ба шикор бурдан фоида надорад. Яъне бачаро дар бачагиаш ақлу фаросат, одобу ахлоқ омӯзонидан осон аст.
Шикорчиён ба ҳама мушкилӣ тан надода, ҷон мехоҳанд, ки ҷӯҷаҳои қабки ҳилолро дар ду-серӯзагиашон ба даст дароварда, барои барор гирифтани шикори ояндаашон омӯхту ром кунанд ва ба воситаи як кабки ром садҳо дигарашро ба дом аффонанд.
Модакабк зери буттае қарор гирифт ва ҷӯҷаҳоро таги пар кард. Зери тефи модар ҷойи аз ҳама ҳаловатбахш барои онҳо буд ва ҳар кадом ҳамин ки «қа- киб»-и ҳалимонаи модарро мешунид, ба зудӣ худро тахи тефи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо