Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

модар, миёни парҳои нарму мулоим мегирифт. Чанд муддат «ғут-ғут» мекарду баъд ба хоби хуш дода мешуд. Модар гӯё ин лаҳза аз зиндагӣ, бахту толеи баланд, сархушу мадҳуш гардида, осудаҳолона ба хоб мерафт, вале модакабк аз қисмати ояндаи ҷӯҷаҳо, аз тарсу бими даррандаву хазанда ва шикорчиҳо бедорхоб аст мудом.

Он бегоҳирӯзии гарм модакабк баъди аз бехи бутта ба сӯи чашма ҳамбидан андоми сиёҳи шикорчиеро, ки аз афташ шикораш барор нагирифта буд, аз дур дид, ки аз Боғи булбулон камон дар китф шалпар-шалпар ба сӯи буттаи гулхор меояд. Кабк бӯи бади доруи тиру камонро ҳис кард ва безобита шуд. Ин бӯи нофорам аз куҷое дар хотираш монда буд.

Соли гузашта, дар ҳақиқат, мисли ҳамин суроби сиёҳпӯшу камон дар китф дар ҳамгашти теппаи Шикоргоҳ ба сӯи селаи кабкҳо тир холӣ карда, як ҷуфти онҳоро зада афтонида буд. Садои гӯшкаркунанда ва бӯи бади доруи он шикорчӣ ҳанӯз аз хотири ҷонвар нарафтааст.

Модакабк аз дидани андоми сиёҳи шикорчӣ ба ҳарос афтода, ҷӯҷаҳояшро аз пайроҳа бероҳа карда, аз думбол, ба тарафи лаби ҷарӣ бурд, вале дар он ҷо ба ғайр аз сангреза дигар буттаеро наёфта, лаб-лаби ҷар ба тарафи чапи он, ки нисбатан нишебии ҳамвор аст, гузаронид. Харгӯше, ин дам чун кабк аз шикорчӣ тарсида рӯ ба гурез оварда, аз болотари кабку ҷӯҷаҳо ҷаҳида гузашт ва чанд санги зери пои ӯ ҷудо шуда сангҳои дигарро беҷо кард. Тарақо-туруқкунон ба поён ҷар шудани сангҳоро шунида, модакабк «пих» гуфта ҷӯҷаҳоро аз фалокат огоҳ кард, вале санги ҷаршуда ҷӯҷаи аз ҳама қафо меомадагиро дарёфт карда, онро ҳамроҳи худ як ғел доду гузашта аз лаби ҷарӣ ҳавой шуд. Пойи рости ҷӯҷа ба санг бархӯрда шикаст, ки чирикасти ҷонварак ба дара бо садои сангҳои

пешина
аз 343
навбатӣ