Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

чаршуда омехта ҳамсадо гардид ва чӯҷа тову печ хӯрда болои як по хеста як- ду қадам заду аз нав ба паҳлу афтид.

Шикорчии то ин лаҳза гӯё кӯру кар буду баробари шунидани овози чӯҷа ҳарду гӯшаш шунаво шуд, чашмонаш нур гирифтанд, якбора дар ҷой истода, сӯи овоз дида дӯхт. Вале чизеро дида натавониста, аз рӯи таҷриба пай бурд, ки овоз овози чӯҷаи кабк аст ва саросема ба тарафи овоз равон гардида, ҳаракаташро тез кард. Модакабк аз ин ҳол огоҳ гардида, лаҳзае назди чӯҷаи пошикаста истод ва ҳис кард, ки ҳаёти тамоми чӯҷаҳояш дар хатар аст. Кабк чӯҷаҳояшро он ҷо монда якбора парвоз карда, пар- паркунон аз ҳаво худро даҳ- понздаҳ қадам болотар аз шикорчӣ ба замин партофт ва чун мурғи нимбисмил ба ҷонканӣ даромад. Шикорчӣ ин доди Худоро дида, ба қафо баргашт ва аз саросемагӣ ҳатто камонашро аз китф нафароварда ба сӯи кабки ҷон мекандагӣ шитобид. То сайди нимҷон як қадам мондан, шикорчӣ онро қапам- нақапам худро ба болои кабк ҳаво дода буд, ки ҷонвар ҷонҳавлӣ пиррӣ карда, ба ҳаво хест ва бист- сӣ қадам болотар аз пайроҳа аз нав аз баланди худро ба замин зад ва чун аввала ба ҷонканӣ даромад. Шикорчӣ, ки хоҳони зинда ба даст овардани сайди худодод буд, аз сари нав сӯи кабк давид ва раҳорах камонро бори зиёдати дониста, онро аз китф тарафе ҳаво дод ва худро ба назди сайд расонид. Кабк ин дафъа ҳам аз замин баланд парвоз кард ва дар ҳаво муаллақ зада тобу печ хӯрду пар- пар карда, худро ба паҳнои дара, ба чуқурие партофт. Шикорчӣ ҷойи афтидани кабкро хуб зеҳн монда, дар қаҳр назди камонаш рафт ва яроқашро гирифта ба поёни дара ҳамбид. Кабк то ба наздаш омадани Андоми Сиёҳ мунтазир истод ва ҳамин ки шикорчӣ ба ӯ наздик шуд, кабк ғолибона парвоз карда баъди як давр гаштан аз нав тоб хӯрда ба тарафи чап, ба болои ҷарӣ ба назди чӯҷаҳояш омад ва нисбатан хушҳол

пешина
аз 343
навбатӣ