Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
буд, ки бо ин рафтораш Андоми Сиёҳро фиреб дода, ҷӯҷаҳояшро аз чанголи марг наҷот дода тавонист. “Қақ-қақ”, шуниданд ҷӯҷаҳо, овози шиноси модарашонро ва ҳар кадом аз зери сангу сӯрохиҳо сар боло карда чик-чиккунон ба пеши кабк омаданд. Хавфи Андоми Сиҳ ҳоло ҳам аз хотири кабк нарафта буд ва ӯ ҷӯҷаҳояшро гирифта ба назди ҷӯҷаи маюбшуда омад. Ҷӯҷаи пошикаста, ки бе ҳолу мадор, ба як паҳлу афтода буд, бо омадани модар аз нав ба чирик-чирик даромада, аз ҷо хестанӣ шуд, вале натавониста ба паҳлу афтод.
Модакабк болои сари ҷӯҷа истода бо нӯли худ ӯро меҳрубонӣ кард «Қақ-ба», гуфта аз сӯзи фарзанд овоз бароварданӣ буд, ки садо дар гулӯяш дармонд, зеро ба хотираш расид, ки Андоми Сиёҳ то ҳол аз ин дараву сой дур нарафтааст. Кабк чанд муддат дар гирди ҷӯҷаи маюбаш зору ҳайрон монда, онро таги пар гирифт, вале ҷӯҷа ором намешуд. Ҷӯҷаҳои дигар аз гармӣ тоқат накарда, таҳи параш даромаданд. Ҳаво торафт тасфида, боди гармсел ҷӯҷаҳои таги пари модарро дамгир менамуд ва онҳо ташна монда, аз зери пари модар ба берун баромада бетоқатӣ мекарданд, аз нав дар таги пари модар паноҳ меҷустанд. Модакабк низ ташна монда, даҳон кушода нафас рост мекард, вале ҳоли тангу чив-чиви ҷӯҷаҳо ӯро бештар бетоқат карда буд. Ҷӯҷаҳо аз таги пари модар берун баромада, худро ба сояи бутта ва ё санге гирифтанӣ мешуданд, вале аз бахти бадашон дар ин ҷо буттаи сабзе наменамуд. Санг ва регмайдаҳои тафсида таги пояшонро месӯзонид. Модакабк ноилоҷ бо нӯлаш аз гардани ҷӯҷаи пошикаста озод гирифта даҳ-понздаҳ қадам ба поён хамбид. Аз сӯзи дард чирикасти ҷонгудози ҷӯҷа баланд шуд. Модар онро ба зери буттаи пӯши поёнии харсанге, дар соя гузошта, гирду атрофро аз назар гузаронид, ки хавфу хатаре таҳдид намекунад, ҷӯҷаҳои дигарро аз дунбол гирифта, ба сӯи чашма роҳӣ шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо