Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Роҳ ба замми дурӣ сарнишеби сангрезадор буд ва то лаби чашма расидан барои ҷӯҷаҳои то ҳол парвозӣ нашуда мушкилӣ мекард. Модакабк гоҳ аз пеш ва гоҳ аз қафо ҷӯҷаҳоро раҳнамудӣ карда, ба чашма наздик шуда буд, ки аз дур ҷунбиши пӯдинаҳои дар лаби чашма рӯядоро ҳис кард. «Пиҳ», шуниданд кабкҷӯҷаҳо ва дар ҷойи худ шах шуданд. Кабк бо мулоҳиза бори дигар ба атрофии чашма тез-тез назар кард ва аз байни роғи гургаки бо пари кабк оро додашудаи пеши рӯ ва аз сӯроҳиҳои он ду чашми Андоми Сиёҳро дид, ки чун чашми мор бозӣ доранд.

«Қа-кӣ, қа-қиб», гуфта овоз бароварда буд кабк, ки ҷӯҷаҳо аз рӯи рег хеста аз думболи модар қафо, ба роҳи омадаашон ба тарафи боло равон шуданд. Кабк ҷӯҷаҳоро дур бурда наметавонист, зеро аз гармии тоқатфарсо ҳама хастаю локот шуда буданд.

Модакабк нағз медонист, ки ба ғайр аз Чашмаи Бедак дар ин наздикиҳо дигар об мавҷуд нест. Танҳо чашмаи дигаре аз қисми болои Боғи булбулон мавҷуд аст, ки оби он ба сойи он тарафи дара мерезад ва ҷӯҷаҳояш қуввати ба он ҷо рафтан надоранд. Агар ҷӯҷаҳоро ба тарафи поёни Чашмаи Бедак барад, он гоҳ ҳама ба чашми шикорчӣ чун дар кафи даст аён мегардад. Илоҷи ягона дар паноҳгоҳ ба чашми Андоми Сиёҳ нанамуда, интизор истодан ва танҳо баъди ноумед шуда хеста рафтани душман ва аз хавфу хатар эмин гардидан ба лаби чашма бурдани ҷӯҷаҳо имкон дорад. Модакабк хеле қафо рафта, аз чашми шикорчӣ паноҳ бурд ва барои наҷоти паррандон ноилоҷ синаашро сӯи офтоб гардонида, ҷӯҷаҳояшро аз қафои худ ҷо дод, то ки дар сояи баданаш андаке ҳам бошад, аз нури сӯзони офтоб паноҳ бурда, худро ором гирифта тавонанд ва худ ду дида ба сӯи чашма интизор истод. Ин ҳолат соате давом кард, вале Андоми Сиёҳ гоҳ-гоҳе ҷунбида ҳанӯз ба умеди лаби чашма омадани кабку

пешина
аз 343
навбатӣ