Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷӯҷаҳояш дар сояи бед байни пӯдинаҳо истода буд. Гармсел оҳиста-оҳиста ба тундбод мубаддал шуда, чангу хок пеши нурҳои сӯзони офтобро гирифт. Абри сиёҳи болои кӯҳ торафт баланду васеъ паҳн шуда, ба ин тараф ҳаракат кард. Модакабк аз вазъи ҳаво бесаранҷом шуд. Чӯҷаҳо аз ташнагию тангнафасӣ тоқат накарда, гоҳ ба таги пари модар медаромаданд ва гоҳи дигар ба берун баромада ҷонсарак рафтани мешуданд, вале реги тафсон пойҳошонро, ки месӯзонд, ба фармони модарашон гӯш надода, ба қафо ба сояи модар меомаданд.

Кабк ба ин аҳвол дигар тоқат накарда «қа-ких»-гӯён чӯҷаҳоро болои рег хобонид ва худ ба тарафи муқобил баланд парвоз карда, баъди давр гаштан зеҳн монд, ки ҳанӯз ҳам Андоми Сиёҳ байни пӯдинаҳо нишастааст. Аз ин сабаб, кабк ноумед ба назди чӯҷаи маъюбаш парида рафт, ки ӯ ҳанӯз чирик-чирик карда менолид.

Модар фарзандашро чанде таги пар гирифта онро аз зери буттаи пӯш ба зери ҳарсанг, ба ҷойи камхавф гузаронид.

Ҳаво торафт сиёҳи дуд гашта, аз абри сиёҳ овози тундар шунида шуд. Баъди раъду барқ борони чакра-чакра сар шуда, дар як лаҳза ҳаво шохнам гирифт.

Модакабк ба талвосаи ҷон афтода поён, ба назди чӯҷаҳояш парида омад. Чӯҷаҳоро як ҷо ҷамъ карда ба таги параш гирифт. Гулғулаи тундар ба кӯҳу дара печид. Тафи аз рӯи рег бархоста чӯҷаҳои ташнамондаро дамгир мекард ва онҳо як-як аз таги пари модар ба берун баромада дучори шохнам шуда, худро аз нав ба зери пару боли модар мегирифтанд.

Кабк ба чор тараф назар карда паногоҳ меҷуст, вале алафу бутта ва ҳатто оббурида ва санге ба назараш наменамуд, ки аз ин офат худ ва фарзандонашро паноҳ карда тавонад. Баъд борон андаке суст шуд ва кабк чӯҷаҳояшро аз таги пару болаш бароварда ба боло, ба умеди ёфтани паноҳгоҳ ҳаракат кард, вале чӯҷаҳои

пешина
аз 343
навбатӣ