Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

бемадоргашта ва хунукхӯрда аз рафтан саркашӣ мекарданд. Борон аз нав шиддат гирифт. Модакабк хост қақбаи ҷонқоҳе бароварда, аз ин ҳол дигар кабкҳоро огоҳ кунад, имдод талабад, вале Андоми Сиёҳро ба хотир оварда, аз марг дида, овоз бароварданро хатарнок ҳисобид ва ноилоҷ ҷӯҷаҳояшро таги пар гирифта, болҳои худро ба тан ҷафстар кард. Борон рафта-рафта ба жола мубаддал гардид. Чӯҷаҳои хунукхӯрда таги пару боли модар чив-чив карда, ҷойи гармтаре меҷустанд. Акнун ташнагӣ аз ёдашон рафта буд. Модакабк ин дам дар ғами чӯҷаи маъюби аз ӯ ҷудомонда буд, ки аз ин офат кошки ақл карда, худро ба сӯрохии харсанг гирифта тавониста бошад.

Жола торафт пару боли модарро сусту бемадор гардонида, аз мобайни пеҳу парҳо қатраҳои оби сард ба болои ҷӯҷаҳо раҳ меёфтанд. Бадани кабк аз зарби жола ва хунукӣ рафта-рафта сард шуда, «ғут-ғут»-и ҷӯҷаҳо низ канда-канда гардида, дар зери садои кубокуби донаҳои чун саққо вазнину сахту сарди жола заифтару сусттар шунида мешуд. Қарибиҳои торикшавии рӯз абрҳо пароканда шуда, ҳаво аз боридан монд, вале аз кабку ҷӯҷаҳо нидое ба гӯш намерасид. ...

Шикорчии аз ин ҳама бехабар ва сар то ба по тар аз зери беди лаби чашма бархоста ларзида-ларзида сӯи хонааш ба роҳ баромад, вале ҳангоми аз назди харсанг гузаштан садои «чирик-чирик»-и ҳазини ҷӯҷаи маъюбро аранҷе шунида, дар танаш ҷони тоза дамид ва аз роҳ баргашта ба тарафи овоз равон шуд. Соли 1983

Назм:
Ғамгусор

Дар тӯю азодорӣ
Дар мастию хушёрӣ.
Дар ҳолати беморӣ,

пешина
аз 343
навбатӣ