Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар хобу ба бедорӣ.
Шеъру ғазал аст бо ман,
Шаҳди асал аст бо ман.

Андар лаби оби ҷӯ.
Чун пӯдинаи хушбӯ,
Ё мисли гули худрӯ.
Гулдухтари хушабрӯ
Шеъру ғазал аст бо ман,
Шаҳди асал аст бо ман.

Аз Рӯдакию Сино,
Аз Ҳазрати Мавлоно.
Аз дарди дили Лоиқ,
Аз ишқи ҷаҳоноро.
Шеъру ғазал аст бо ман,
Шаҳди асал аст бо ман.
Шеъру ғазали дарё,
Шеъру ғазали дунё.
Шеъру ғазали имрӯз,
Шеъру ғазали фардо.
Шеъру ғазал аст бо ман,
Шаҳди асал аст бо ман.

Наврӯзу баҳори ман,
Ҳамранги диёри ман.
Хушрӯ чу нигори ман,
Умре ба канори ман.
Шеъру ғазал аст бо ман,
Шаҳди асал аст бо ман.

Шодам, ки дами маргам,
Ғамгусору ҳамдардам.
Аз ҷумла раҳовардам,
Андар лаҳади сардам.

пешина
аз 343
навбатӣ