Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Шеъру ғазал аст бо ман,
Шаҳди асал аст бо ман.
Шеърро лоиқона бояд гуфт,
Ошиқона, ошиқона бояд гуфт.
Рӯдакивор шеъри оламгир,
Бо дафу чағона бояд гуфт.
Мисли Саъдӣ ҳикмати воло,
Бо ғазал, бо тарона бояд гуфт.
Мисли Мавло бо Худо пайванд,
Шеърҳои орифона бояд гуфт.
Чун Есенин ба ашку хуни дил,
Дарду доғи замона бояд гуфт.
Мисли чашмаҳои кӯҳистон,
Нӯши ҷонҳо равона бояд гуфт.
Ҳамсадои Вахши нурафзо,
Ҷовидона, ҷовидона бояд гуфт.
Шеъри беишқ тифли беҷон аст,
Корзори рустамона бояд гуфт.
Шеър бояд ба мурда ҷон бахшад,
Чун Масеҳо худойгона бояд гуфт.
Атри гесӯят насиби мо нашуд.
Ҳусни дилҷӯят насиби мо нашуд.
Нонгадои дарғаҳи ҳуснат будам,
Кулчаи рӯят насиби мо нашуд.
Тири миҷгон, дарди ширин дар дилам,
Теғи абрӯят насиби мо нашуд.
Аз ҳама ганҷи ҷаҳони ҳусни ту,
Як сари мӯят насиби мо нашуд.
Гуфта будам шаҳбаробар мешавам,
Дар шаби тӯят, насиби мо нашуд.
Гуфтам аз бӯят барам атри кафан,
Атри хушбӯят, насиби мо нашуд.
Заҳри ҷонам, шарбати ишқи ту шуд,
Нӯшдорӯят насиби мо нашуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо