Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ман дар бари худ китобу дафтар дорам.
Ин чархи фалак ҳамеша саргардон аст,
Бар гардиши хештан мудом ҳайрон аст.
Ҳайрон нашавам ба гардиши берабташ,
Хушбахтии ман зи бахти фарзандон аст.

Дунёму дарди мушкилам хоҳад монд,
Дарёму мавҷу соҳилам хоҳад монд.
Дар рӯи замин манзилам хоҳад монд,
Дар дафтари ман хуни дилам хоҳад монд.

Як пилтачароғ монда аз бобоям,
Гаҳвораи ноз монда аз момоям.
Дар кулбаи лойии падар гашта калон,
Имрӯз қатори мардуми дунёям.

Аз модари ман сӯзу алам монд ба ман,
Аз зиндагиям кӯҳи ғам монд ба ман.
Аз ёру бародарон накӯӣ дидам,
Аз моли ҷаҳон фақат қалам монд ба ман

Дар деҳаи кӯдакии ман гулхор аст,
Бас чаҳ – чаҳи булбуле дар ин гулзор аст.
Гардида ҷудо чу чӯҷаи кабки дарӣ,
Бар деҳаи кӯдакӣ ду чашмам чор аст.

пешина
аз 343
навбатӣ