Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ
(1945-2020)
Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1961 мактаби миёнаи деҳаро бо нишони тилло хатм кардааст. Соли 1966 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло ба итмом расонидааст. Гулназар чанд муддат дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чун ходими адабӣ, мудири шуъба ва ҷонишини муҳаррир фаъолият доштааст. Соли 1973 мудири шуъбаи маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шудааст. Солҳои 1975 - 1977 дар Афғонистон бо мутахассисони шӯравӣ кор кардааст. Солҳои 1977-1991 мудири шуъбаи назми «Садои Шарқ» буд. Аз соли 1991 сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», аз соли 1999 сардабири нашрияи «Ваҳдат» ва аз соли 2003 сардабири маҷаллаи «Пайванд» буд. Аз соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Гулназар ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1994) ва Ҷоизаи адабии ба номи Турсунзода (1991) сазовор гардидааст.
Аввалин шеърҳои Гулназар айёми таҳсил дар мактаби миёна чоп гардидаанд. Китоби нахустинаш соли 1969 бо номи «Расми сарбозӣ» ба табъ расид. Баъдҳо маҷмӯаҳои «Дастархон» (1972), «Нардбон» (1975), «Ағба» (1979), «Паҳно» (1981), «Лангар» (1984), «Пайи дарё» (1986), «Табҳола» (1992), «Ҳар мисраи шеър Тоҷикистони ман аст» (1997), «Фариштаи бомдод» (2000), «Қадаҳи шабнам» (2001), «Шӯълаи барқади сӯзони малоҳат» (2002), «Оинаяи ташна» (2005), «Фасли озод» (2005), «Шакарнам» (2006) нашр шудаанд.
Гулназар барои бачагон ҳам шеърҳо эҷод намудааст, ки дар маҷмӯаҳои «Аз барои Гулӯзор» (1983), «Чашми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор