Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

нигин» (1987), «Се кулчаи танӯрӣ» (1990) гирд омадаанд. Китобҳои «Тахти Рустам» (Душанбе, 1990) ва «Забони ошиқӣ» (Теҳрон, 1999) бо хуруфоти ниёгон ба табъ расидаанд.

Гулназар асарҳои насрӣ, драмавӣ, публитсистӣ ва илмӣ низ таълиф намудааст, ки китобу мақолаҳои «Лоиқе чун Лоиқ» (2000), «Таъми тутӣ балхӣ» (2002), «Мансури Ҳаллоҷ ва Имом Ғаззолӣ» (2005), «Хотираи муаллим» (1976), «Баҳори Вахш» (1983), «Таронаи Ватан» (1970), «Замини барӯманди шеър» (1976), «Тарона ва замона» (1986) намунаи онҳо мебошанд.

Гулназар як қатор асарҳои Г. Гейне, М.Ю. Лермонтов, Е. Евтушенко, Э. Межелайтис, Н. Думбадзе, Н. Тихонов, Е. Винокуров, Р. Рождественский, Ф. Алиева барин адибони машҳурро тарҷума намудааст.

Ҳамчунин, ашъори Гулназар ба забонҳои русӣ, узбекӣ, арабӣ, қирғизӣ, чехӣ, латишӣ, немисӣ, булғорӣ ва ғайра тарҷума ва чоп гардидаанд.

Гулназар ҳам дар жанрҳои суннатӣ (чун рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, қитъа, маснавӣ, мусаммат, фард) ва ҳам дар шаклҳои нави шеърӣ (чун шеъри озод ва шеъри хусравонӣ) асарҳо офаридааст.

Достонҳои «Савдои зиндагӣ» (1972) ва «Пайи дарё» (1983) ба масъалаҳои зиндагии халқи тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои аввали баъдиҷангӣ бахшида шудаанд. Аз шаклҳои суннатии шеърӣ Гулназар ба рубоӣ ва дубайтӣ таваҷҷуҳи бештар дорад. Шоир ин шаклҳои шеъриро дар китобҳои алоҳида ҷой додааст. Агар китоби «Оинаи ташна» зиёда аз 1100 рубоиро дарбар карда бошад, пас китоби «Шакарнам» 388 дубайтиро фаро гирифтааст. Шоир дар ин жанрҳои ҳаҷман хурду фарогири шеърӣ паҳлуҳои гуногуни зиндагиро ҳунармандона тасвир намудааст:

пешина
аз 343
навбатӣ