Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

Як субҳ пур аз тараннуми наврӯзист,
Як чашма пур аз такаллуми наврӯзист.
Аз шодии зиндагӣ лаби ғунча шукуфт,
Як пушта пур аз табассуми наврӯзист.

Дар ҷойи дигар шоир ҳаҷми хурди дубайтиро нозукбинона ба умри кӯтоҳи одамӣ монанд кардааст:

Дубайтӣ, меҳри ту дар магзи дилхост,
Ба ҳар давру замон қадри ту волост.
Чу ширин аст умри кӯтоҳи мо,
Ду байти кӯтоҳи ту ҳам гуворост.

Дар ҳақиқат, рубоӣ ва дубайтиҳои Гулназар бисёр масъалаҳои ҷомеаи инсониро дар шакли меҳразу дилнишин ифода намудаанд. Шаклҳои нави Гулназар аз шаклҳои нави шеърӣ бештар ба бандҳои шеърӣ чаҳормисраъгӣ майл дорад. Ва дар шеъри озод низ кӯтоҳбаёниро меписандад. Шоир кӯшиш дорад, ки фикр ҳарчӣ мӯъҷаз ва фарогир ифода ёбад, то хонанда дар сари ҳар мисраъ андеша кунад:

Эй Ватан,
Аз ту бихоҳам лаби ноне,
Ки набандад лаби ман.

Хонанда баъди андешаи амиқ мазмуни баланди ватанхоҳии шеъри мазкурро дарк менамояд: қаҳрамони лирикии шоир Ватанро холисона ва аз рӯйи меҳр васф менамояд ва аз Ватан лаби ноне хоҳиш карданаш барои он аст, ки ногоҳ аз бемадорӣ лабаш аз тавсифи диёр хомӯш namonad.

Мавзӯъҳои ашъори лирикии Гулназар васеъ ва густурда мебошанд. Аз ҷумла, мавзӯъҳои ватану ватандорӣ, ишқу муҳаббат, сулҳу дӯстӣ, кӯшишу кор,

пешина
аз 343
навбатӣ