Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
баҳору ҷавонӣ сар то сари ашъори Гулназарро фаро гирифтаанд. Шоир кӯшидааст, ки ҳар мавзӯъро бо ҷилои тоза манзури хонанда намояд.
Дар шеърҳои «Модар», «Замин чун модари ман масти хоб аст», «Модари ҷаҳонгирам», «Нони гарме, ки меканӣ зи танӯр», «Дар раҳи охирин», «Ҳар шабат хоб мебинам», «Ману волидайн» модар самимона ва дилсӯзона ситоиш гардидааст. Ашъори ба модар бахшидаи Гулназар дар шаклҳои мураббаъ ва шеъри озод дар давраҳои гуногуни фаъолияти эҷодии шоир суруда шудаанд. Шеъри «Модар» аз чор банди чормисраъӣ иборат мебошад ва дар он ҳолати модар дар мавриди гусели фарзанди баркамол тасвир меёбад. Шеър бо пухтани тӯшаи роҳ оғоз мешавад. Дар ин ҳолат модар хеле муносиб ба ахгар ташбеҳ мешавад:
Кунун вақти саҳар шуд, модари ман,
Бароям мепазӣ ту тӯшаи роҳ.
Чу ахгар тоб дорӣ, сӯз дорӣ,
Ки дар нон гармии худро гузорӣ.
Бо вуҷуди бо тамоми ҳастӣ омода намудани тӯшаи сафар гусели фарзанд барои модар басо душвор ва сангин аст. Изтиробу ошуфтаҳолии ӯ дар банди мақтаъ ба тавассути такрори калимаи хомӯш ва таркибҳои чашмони тар ва чашмҳои интизор ифода ёфтааст:
Гуселам мекунӣ, хомӯш, хомӯш,
Панаҳ бинмуда чашмони тари худ
Фидои чашмҳои интизорат!
Назодӣ охирам танҳобари худ...
Дар шеъри «Модари ҷаҳонгирам» тарафи дигари бузургии модари тоҷик ва ба модарони тамоми дунё ҳамтақдир будани ӯ ба тасвир омадааст. Шеъри мазкур аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор