Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

нӯҳ банди ҷаҳормисраъӣ иборат буда, қофияи бандҳо ба тарзи ббба, ввва, ггга... сохта шудаанд. Яъне, се мисраи ҳар банд қофияи алоҳида дошта, дар ҳамаи бандҳо мисраи чорум дар шакли Модарам, модари ҷаҳонгирам такрор ёфтааст. Мисраи такрор ё васила бандубасти шеър ва муносибати маънавии бандҳоро таъмин намудааст. Шоир аз маънои рамзии калимаи «ҷаҳонгир» истифода карда, мавқеи ҷаҳонии модарро нишон додан хостааст. Дар ин ҳолат мафҳуми ҷаҳонгирии модар бар хилофи амали ҷаҳонгирони воқеист:

Сад Сикандар ба пеши ту ҳеҷ аст,
Фавқи лашкар ба пеши ту ҳеҷ аст,
Теғу ханҷар ба пеши ту ҳеҷ аст,
Модарам, модари ҷаҳонгирам.

Гулназар шоире буд, ки ба зиндагӣ назари амиқ дошт ва воқеъбинона аз ҳодисаҳои сершумори давр хулосаҳои мӯътамади бадеӣ мебаровард.

НАМУНАИ АШЪОР

Наврӯзӣ

Ба оҳанги насими навбаҳорон,
Бирақсад ғунча андр шоҳсорон,
Ки сеҳри дилбари аттор кардам,
Баҳори ҳуснро бедор кардам.
Ба дилбозӣ миёни кӯҳсорон,
Бинозад чашма ҳамчун дӯстдорон,
Ки имшаб сояи худ такрор кардам,
Баҳори ҳуснро бедор кардам.
Барояд лола andar маргзорон,
Ба сояи духтарони куртаалвон,
Ки қалби хешро гулнор кардам,
Баҳори ҳуснро бедор кардам.

пешина
аз 343
навбатӣ