Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

АБДУЛҲАМИД САМАД
(таваллуд 1947)

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад зодаи деҳаи Шикоргаҳи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мебошад. Маълумоти миёнаро дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ гирифтааст. Соли 1965 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил мешавад. Соли 1969, баъди хатми донишгоҳ, ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба кор меояд ва бо роҳнамоиҳои рӯзноманигорони шинохтаи ҷумҳурӣ фаъолият менамояд. Ин ҷо ба як гурӯҳ ҷавонони хушзавку боистеъдод чун Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Салимшоҳ Ҳалимшоҳ мепайвандад ва аз донишу таҷрибаи устодони матбуот баҳравар мешавад. Абдулҳамид Самад муддати даҳ сол (1977-1987) дар шуъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» кор кардааст. Ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1987-1988), ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг» (1989-1990), сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» (1990-1993) буд. Аз соли 1993 ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Аввалин маҷмӯаи А. Самад «Шоҳи чанор» (1987) ном дорад. Нависанда худ ёдовар шудааст: «Китоби нахустинро, ки аз ҳикояҳои навшогирдонаам мураттаб шудааст, бо умед... «Шоҳи чанор» ном ниҳодаам, зеро ба арзиши як шоҳаки дарахти наср хизмат кардан низ хушбахтист...» Адиб дар паҳлӯи навъҳои хурди насрӣ ба эҷоди асарҳои калонҳаҷм шурӯъ мекунад ва нахустин повесташ «Баъд аз сари падар» (1979) ном мегирад.

Абдулҳамид Самад, ҳамчунин, муаллифи маҷмӯаҳои «Паррончакҳо» (1983), «Пиёлаи шикаста» (1985), «Аспи бобом» (1986), «Косаи давр» (1987), «Майдон» (1989), «Акаи ошиқ» (1992), «Шаҳдрези садо» (1997), «Талош» (2002) мебошад. Абдулҳамид Самад мақолаҳои

пешина
аз 343
навбатӣ