Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

публитсистӣ ва сафарномаҳо низ таълиф кардааст. Аз ҷумла, мақолаҳои адиб оид ба ҳаёт ва эҷодиёти нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов («Устоди наср»), суханварони тоҷик Мирзо Турсунзода («Ифтихори миллат»), Фазлиддин Муҳаммадиев («Ҷони одам»), Ғоиб Сафарзода («Уқобе буд») ва Сайф Раҳимзод («Пайроҳа ва дунёи Сайф») таълиф гардида, пурмуҳтаво ва фарогиранд.

Соли 2000 нашриёти «Суруш»-и Теҳрон маҷмӯаи осори Абдулҳамид Самадро бо номи «Баъд аз сари падар» ба табъ расонд. Қисми зиёди ҳикояву қиссаҳои нависанда ба забони русӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Баъзе қиссаю ҳикояҳояш ба забонҳои англисӣ, украинӣ, белорусӣ, узбекӣ, қирғизӣ, эстонӣ, литвонӣ ба табъ расидаанд. Нависанда як қатор қисса ва ҳикояҳои А.П. Чехов, А. Несин, С. Залигин, Н. Думбадзе, Г. Тютюнник барин адибони маъруфро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

А. Самад соли 1990 барои қиссаҳои «Баъд аз сари падар» ва «Аспи бобом» ба Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ сазовор гардидааст.

Аз қадамҳои нахустин дар соҳаи адабиёти бадеӣ диққати эҷодиёти Абдулҳамид Самадро масъалаҳои ахлоқии ҷомеа, ҳастии инсон ва маънавиёти муосирон ба худ ҷалб намуд. Дар ҳикояҳои «Мурофиа», «Қарз», «Субҳ медамид», «Мактаби шоҳтут», «Модар», «Хаёли ширин», «Шикор», «Эҳтиёт» ва ғайра мураккабиҳои табиати инсон ва чеҳраи зоҳирию ботинии он мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтаанд.

Ҳикояи «Мурофиа» чунин оғоз меёбад: «Хишир-хишири чизе ба торҳои асаби Мурод нохун зад. Вай ба паҳлуи дигар гашта, сарашро бо кӯрпа пӯшонд. Не, садо боз гӯшашро харошид. Ӯ чашм накушода хост зану бачаҳояшро қоҳиш диҳад (ӯ ҳамин хел одат дошт), ки намемонанд ором хоб равад. Вале аз чӣ бошад, лаби

пешина
аз 343
навбатӣ