Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

кӯрпаро поин тела дода, чашм кушод. Нигоҳаш ба шифти дӯдаолуди хона бархӯрд ва пай бурд, ки дар шаҳр не, дар деҳа хоб рафтааст». Хонанда аз сархати аввалин ба макони воқеа («шифти дӯдаолуди хона», «дар шаҳр не, дар деҳа хоб рафтааст») ва баъзе хислату одатҳои қаҳрамони ҳикоя («хост зану бачаҳояшро хоҳиш диҳад») шинос мешавад ва пай мебарад, ки Мурод дар зиндагӣ шахси собитқадам ва масъулиятнок нест. Нависанда дар ин ҳикоя масъалаи доғи рӯз — суст шудани пайвандҳои оилавӣ ва хешутабориро бардоштааст ва ин масъалаи муҳими иҷтимоиро дар мисоли амалиёту муносибати Мурод ба модар, бародар ва ҳамқишлоқиён воқеӣ ва самикӣ нишон додааст. Мурод аз хурдӣ чун бачаи нозпарвард ба воя расид, баъд дар шаҳри Душанбе хонд ва дар яке аз мактабҳои олии Душанбе муаллим шуд ва дигар ба деҳа барнагашт. Мурод хислатҳои дурӯғгӯӣ, нокорагӣ ва ваъдабозӣ дорад, ба майнӯшӣ дода шудааст. Бинобар ин дар байни ҳамдеҳагон ва дӯстон эътиборашро гум кардааст. Табиати номувофиқ ва рафтори номатлуби Мурод аз ҷониби модараш ва бародараш — Даврон маҳкум мешаванд: «Ака, одам, ки аз меҳнат битарсад, дастаи бела каҷ мегӯяд, сад баҳонаи дигар меёбад. Хунарат, ки ҳамин буд, чиба ҳаваси олимшавӣ кардӣ? Ту дар шаҳр мегардӣ ва маломат ба сари мо мерезад».

Махсусан, суханҳои талҳу ҷонкоҳи модар Муроди чилсоларо ба фикру андеша водор мекунанд. Аз ҷумла, чунин суханҳои модар: «сабилмондаро камтар бинӯшӣ, намешавад?», «бемеҳр шудаӣ», «раис васият кард, ки ба ҷанозааш Зокиру худата хабар накунанд», «мардака фиребҳои туву беномусиҳои Зокир ғамбемор кард», «мулоимҳунукӣ кардӣ, аз ту умедам ин набуд», «раис ба ту чӣ бадӣ карда буд, ки дар чашмаш хок пошидӣ, дурӯғ гуфтӣ» Муродро маҷбур кард, ки ба худ ояд, тамоми амалҳои ношоистаашро пеши рӯ орад ва ақли солимро ба

пешина
аз 343
навбатӣ