Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
кор андозад. Мурод, ки дар ниҳодаш андаке ҷавҳари инсонӣ монда буд, аз суханҳои модар, бародар ва муомилаи ҳамдеҳагон хулосаи муфид бароварда тавонист.
Ҳикоя бо тасвири ҳолати пуршиддати рӯҳии Мурод ба анҷом мерасад: «Мурод айнакашро рӯйи каф гузошта бархесту берун баромад. Вуҷудашро ларзише фаро гирифта буд. Ба гумонаш аз паси ҳар дарахт, дару девор ҳамсояҳо ба ӯ менигаранду ришханд мезананд. Вай бо сари хамида бел дар даст боғ даромад ва ду навниҳолро решакан карда гирифту ба фарози теппа, ба сӯйи мазор, ба зиёрати оромгоҳи раиси Усмон роҳӣ шуд. Ӯ мисли касе, ки дар мурофиа бо тамоми айбҳояш иқрор карда бошад, гунаҳгорона қадам мезад».
А. Самад асарҳои калонҳаҷм низ навиштааст ва нахустин қиссаи нависанда «Баъд аз сари падар» (1979) мебошад. Дар қисса масъалаҳои худшиносӣ ва ҳимоя намудани шарафи инсонӣ бардошта шудааст. Мундариҷаи асар гуфтаи Сайидои Насафӣ – Бепадар фарзанд помоли маломат мешавадро тақвият медиҳад.
Ҳаёти хушу хурсандонами қаҳрамони асар – Хусрав баъд аз марги падар дар хонаи тағояш – Аҷиқ тамоман тағйир меёбад. Ӯ ҳамагӣ ҳашт моҳ дар хонаи тағояш зиндагӣ кардааст. Вале дар муддати кӯтоҳ қаду баст, тарҳи рӯ ва муносибати писарак ба одаму олам ба куллӣ тағйир меёбад. Хусрав дар деҳаи нообод ва камодами тағояш мефаҳмад, ки баъзан ширинсуханӣ ва хандаву меҳрубонӣ ҳам никобе барои пинҳон доштани хислатҳои разилонаву манфури инсон мешудааст. Писарак ҳис мекунад, ки баъд аз сари падар бори масъулияти оила ва нигаҳбонии он ба дӯши ӯ афтодааст ва ба ин санҷиши тақдир бояд мардона тоб оварад:
«Ту агар бачаи нангу номусдор бошӣ, хонаи падаратро напарто, обод нигоҳ дор. Чароғи хонаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор