Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

падарата доимо даргирон, ки рӯҳаш шод шавад, одамҳо ба ту раҳмат бигӯян», - гуфтани модари Хусрав Маҳингул вазифаи ҳар як фарзандро баъди марги падар муайян мекунад.

Хусрав дорои ахлоқи ҳамида ва ҷаҳонбинии солим мебошад ва рафтору кирдори одамони гуногунро дар тарозуи ақлу хирад бармекашад. Саргузашти Хусрав барои ҳар як наврас ибратомез аст.

Бо қиссаҳои «Ҳавои тирамоҳ» ва «Рӯдапо» давраи сифатан нави тасвироти А. Самад оғоз меёбад. Дар ин қиссаҳо ва «Сарлашкар» барин асарҳояш муносибати образҳо ба муҳит ва ҳаёти воқеӣ равшан эҳсос мешавад. Нависанда бар он аст, ки зиштӣ, худпарварӣ ва дигар амалҳои бади одамон натиҷаи муносибатҳои номувофиқи иҷтимоӣ мебошад. Дар қиссаи «Сарлашкар» ба воситаи ҷузъиёти пурзарофат характери мардуми деҳот ҳунармандона офарида шудааст. Масалан, занҳои деҳа дар кӯча қомати баланду сурати зебои Султонро дида чунин муҳокима меронданд:

«-Лекин беваи сарсахт якта зоиду зӯр...

  • Аҳ нагӯ... Худо ҳамин хел як писари бачигарат диҳад, бас аст. Чӣ лозим одамсурати човасару қачалапои зиёд?

  • Рост. Худо лоиқ донист гуфта, ҳай зоидаму зоидам, - нолишомез ба сӯҳбат шарик мешуд дигаре. - Азоби сага кашида ба воя расондам, ки як рӯз даст мегиранд, ба дардам дармон мешаванд. Шукронаи ҷоншон, ки ғайр аз ташвишу саргардонӣ то ҳол ба хона сари хас наоварданд...

  • О, диламро нақов, ки халтаи зардов аст, - бо ҳасрат мегуфт дигаре. - Бо чӣ умеду орзу як лахт гӯшро одам кардам. Тамоми дороиямро ба хоку об зада, ачинасареро додамашу дар балои азим гирифтор шудам».

пешина
аз 343
навбатӣ