Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Эҷодиёти А. Самад анъанаи насри ҳазорсолаи тоҷикро давом дода, дар ифодаи ҳолатҳои рӯҳии табақаҳои гуногуни ҷомеа саҳми муносиб гузоштааст.
«Паррончакҳо» (1982) нахустин қиссаи бадеист, ки шахсияти донишҷӯёнро дар ҷомеа ошкор месозад. Дар маркази қиссаи «Паррончакҳо» воқеаҳои рӯзгори нависанда, ки дар Донишгоҳи омӯзгории пойтахт аз сар гузарондааст, қарор гирифтаанд. А. Самадов рӯзгори донишҷӯии хешро ба зиндагии донишҷӯёни дигар умумият дода, як силсила образҳои хотирмон офаридааст. Қисса аз XIV боб иборат буда, бо маъракаи имтиҳоноти дохилшавӣ дар яке аз мактабҳои олии Душанбе оғоз мешавад ва дар он воқеаҳои яксолаи таҳсили донишҷӯён мавриди тасвир қарор мегиранд. Воқеаҳо дар асоси фаъолияти ду гурӯҳи донишҷӯён сурат меёбанд. Ба гурӯҳи аввал Наим, Насим, Раҳматшоҳ, Гулсоро дохил мешаванд, ки рафтору омоли ибратомез доранд. Ба гурӯҳи дувум Қайсу Рахимбек, Паканаву Сӯҳроб ва Латофату Назокат шомиланд, ки акси гурӯҳи аввал амал мекунанд. Миёни ин ду гурӯҳ зиддият мавҷуд аст ва ин зиддият тамоми мундариҷаи асарро фаро гирифтааст.
Қаҳрамони марказии қисса Насим ном дорад. Вайро ҳамкурсон «писари раис» меноманд. Ҳол он ки ӯ ҷавонест, ки аз падару модар барвақт маҳрум монда, дар хонаи бачаҳо тарбия ёфтааст. Насим бо хоксорию меҳнатдӯстӣ ва муомилаи хушу рафтори некаш дар байни ҳамсабақон эътибор дорад. Ӯ ҳақиқатҷӯ аст. Дар синфхона аз ҳамсабақон қафо менишинад ва ҳеҷ гоҳ донотарошӣ намекунад. Вале ҳангоми дифоъ аз ҳамсабақон ва ҳаққу ҳуқуқи худ фаъол аст. Насим бо хоксорӣ, бамулоҳизагӣ ва ширинзабонӣ намунаи ибрати ҷавонони охири асри XX ва ибтидои асри XXI тоҷик мебошад.
Дар қисса ба донишҷӯи дигаре шинос мешавем, ки Наим ном дорад. Наим донишҷӯи фаъол ва ҳақталош

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор