Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
аст, бинобар ин нависанда ӯро ба сифати ноқил ва ровӣ истифода кардааст. Мавқеи Наим дар ҳаллу фасли масъалаҳои ахлоқи ҷавонон аз Насим кам нест. Бесабаб нест, ки ҳамаи задухӯрд ва низоъҳои қисса аз рӯйи мушоҳида ва дарку фаҳмиши ӯ ҳал мегарданд.
Наиму Насим чун донишҷӯёни ҳалиму меҳрубон, меҳнатдӯсту бомаърифат, хоксору инсондӯст ба муқобили донишҷӯёни фориғбол, қаллобону муфтхӯрон ва мансабпарастон амал мекунанд. Раҳматшоҳ низ ба Насиму Наим ҳамтақдир аст. Тафовути Раҳматшоҳ он аст, ки ӯ рӯзгордида буда, зану фарзанд дорад ва миёни донишҷӯёни дигар чун дӯсти калонсолу таҷрибадида эътироф мешавад. Хонанда ба ин образ дертар шинос гардад ҳам, зуд ба он унс мегирад. Нависанда Раҳматшоҳро ба муқобили Қайсу Раҳимбек барин донишҷӯёни бадрафтор ва беандеша мегузорад. Раҳматшоҳ чандин маротиба ба ин ду ҳамдарси авбошу майзада ва нопокаш ба муноқиша медарояд. Дар ин ҳолатҳо суханҳои ӯ бо далелҳо ва муҳокимаҳои мантиқӣ тақвият меёбанд:
— Ошно, ба панҷаи ман нигар. – Раҳматшоҳ дасти росташро сӯйи Раҳимбек дароз кард. – Дидӣ, панҷ ангушт баробар нест...
Масалан, раиси Шоҳназари моро аз деҳқон фарқ кардан мушкил. Дар ҷойҳои ношинос шофирашро раис гумон карда, аз ӯ боло мешинонанд. Лекин парво намекунад. Гавҳари одам аст, раиси Шоҳназар. Бачаҳош ҳам, аҳли аёлаш ҳам доимо ҳамроҳи мардум кор мекунанд.
— Бачаҳош кор мекунанд? – ҳайратомез пурсид Раҳимбек. — Бале. Кор ҳеҷ каса намекушад.
— Эҳа, падарам раис бошаду дар зери офтоби сӯзон кор кунам? Ин ҳеҷ ҷои таъриф надорад. Раис бехунар аст. Ҳм, як рӯз бошӯ хурӯс бош!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор