Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
— Ана, дидӣ, ошно! — гӯё чизи аҷиберо кашф карда бошад, ба ваҷд омад Раҳматшоҳ. — Ту ҳам аз раиси мо фарқ доштай. Ҳамаи мо, яке аз ҳисоби мардуму кисаи давлат дасткушод, дигаре мумсик, яке ба ҷое нарасида ҳавобаланд, дигаре соҳиби мансабу боз хоксор, яке доро, дигаре нодор... Ин чиз ҷойи баҳс надорад, ошно, — оромона ба сӯҳбат нуқта гузошт Раҳматшоҳ. Мутолиаи қиссаи «Паррончакҳо» хонандаро ба чеҳраҳои соҳибэҳтироме, мисли Абдукаримамак, муаллим Ҳакимӣ, завҷаи Абдукаримамак, раиси Шоҳназар ошно месозад, ки ин гурӯҳ бо хислатҳои наҷиби инсонӣ, бо ахлоқи пок ва рӯҳи қавии худ метавонанд инсонҳои навро низ тарбият намоянд. Наим ду сол боз дар шаҳр дар хонаи амакаш Абдукарим зиндагӣ мекард. Дар ин хона барои ӯ тамоми шароит муҳайё буд. Завҷаи Абдукаримамак ба Наим дилсӯзу меҳрубон буд. Наим иқрор мешавад, ки дар деҳа ҳатто аз модараш чунин ғамхориро надидааст. Вақте ки Наим баъди донишҷӯ шудан дар хобгоҳ зиндагӣ кардан мехоҳад, ӯро аз нияташ гардонданӣ мешавад:
— Хонаи мо ба дилат зада бошад, ин гапи дигар. — Янгаам илтиҷоомез ба амакам нигарист, дар чашмони ӯ аллакай ашк ҳалқа зада буд.
— О ман туро аз ягон фарзандам кам намедонам — ку, — гуфт ӯ ва бо гӯшаи рӯймол оби чашмонашро поккунон илова кард:
— Хобгоҳ барои бачаҳои бекасу роҳдур лозим. Ту хонаи алоҳида дорӣ, нону хӯрок доим муҳайё... Натарс, дигар намегузорам, ба ягон кор даст расонӣ... Нависанда дар се варақи аввали боби VI образи завҷаи Каримамакро чунон воқеӣ ва ҳунармандона офаридааст, ки хонанда мафтуни табиати ҳалиму муносибати оқилонаи ин зани сабзинай> чандсола мегардад.
Дар «Паррончакҳо» чун Қайс, Раҳимбек, Латофат, Назокат, Пакана, Нурик, Сония, Ҳикмати ландахӯр як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор