Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
қатор симоҳои манфӣ фаъолият доранд, ки дар муҳити ҷомеаи солҳои 80-ум рӯзгор дошта, ба ҳаромиву ифлосӣ, разиливу нобакорӣ, қотиливу хиёнат даст мезананд. Аз ҷумла, тасвири симоҳои манфури Латофату Назокат барин духтарони айшу ишратпараст ба мақсад мувофиқ аст. Дар тасвири нависанда ин духтарҳо ба донишҷӯ монанд нестанд ва моҳияти зиндагиро танҳо дар зару зевар, сару либос ва айшу ишрат медонанд. Латофат ба либос чунон рағбат дорад, ки «мабодо дар тани духтаре ҳамранги либоси худашро бинад, бедимоғ, дилтанг, ҳатто хашмгин мешаваду дуюмбора он пероҳанро намепӯшад». Ӯ дар ҳама ҷо – ҳам дар хона, ҳам дар кӯча ва ҳам дар донишгоҳ танҳо аз дороию сарват ҳарф мезанад ва аз тӯҳфаҳои пуркимати падари давлатманду ҳаводорони тамаъкораш курта-курта гӯшт мегирад. Латофат дар синфхона ангуштарини навашро ба дугонаҳояш чунин намоиш медиҳад:
– Додом тӯҳфа кард. Ҳоло бибию бобокалони ҳеҷ кас ин хелашро надидааст. Нигинаш алмос, тиллояш холис.
– Ӯ чунин тез гап мезад, ки нафас дар гулӯяш мепечид.
– Акнун шашта шуд. Дута дар ин ангуштам.. Нархи ҳамаи инҳо, - вай панҷ ангуштарияшро нишон дод, - ба ин баробар намешавад. Як мошин мошини одӣ ҳам не, як «Жигули» аст... Табиист, ки чунин ҳарисӣ ва кӯтоҳандешии Латофату Назокатро бо роҳи номатлуб мебаранд ва онҳо дар худи соли аввали таҳсил ба бадбахтӣ гирифтор мешаванд.
Нависанда ба муқобили ин навъи духтарон чеҳраи ибратангези Гулсороро офаридааст, ки ба пешрафти маънавиёти духтарони донишҷӯ мувофиқат мекунад. Забони «Паррончакҳо» равону пуробуранг буда, ба хонанда ҳаловат мебахшад.
Ҳам сухани нависанда ва ҳам нутки персонажҳо бо зарофат омӯзиш ёфта, басо дилнишину хотирмон садо медиҳанд. Порчаҳои шеърӣ, суханҳои ҳикматнок ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор