Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

мақолу зарбулмасалҳо боиси такмили мундариҷаи асар гардидаанд.

Махсусан, истифодаи бомавриди ҷузъиёти бадии баёнро мӯъҷазу рехта намудааст. Нависанда бо чанд ҷумлаи содаи ҳикоягӣ муносибати мухталифи ҳамкурсонро ба хабари ба дарс ҳозир шуда натавонистани устод Ҳакимӣ ба таври амиқ нишон додааст:

«Латофату Назокат аз ин хабар шодона қарсак заданд. Онҳо дархол сумкаҳоро ба китф ҳамоил карда, нӯг-нӯги по берун баромаданд. Қайсу Раҳимбек дунболи онҳоро гирифтанд. Баъд носкашу сигареткаш паи ҳам аз синф баромаданд. Танҳо Насим аз болои китоб сар намебардошт. Гулсоро рӯи муқоваи дафтараш сурати кафтар мекашид. Ин шуғли доимии ӯст».

Агар ҷузъҳои «қарсак задан», «нӯг-нӯги по берун баромадан», «дунбол гирифтан» фориғболӣ ва кӯтоҳандешии Лутфияву Назокат ва Қайсу Раҳимбекро таъкид намоянд, пас ҷузъҳои «аз болои китоб сар набардоштан» ва «дар муқоваи дафтар сурати кафтар кашидан» ба масъулиятшиносӣ, бекинагӣ ва инсондӯстии Насиму Гулсоро ишора доранд. Ба ҳамин тариқ, повести «Паррончакҳо» ва умуман тамоми асарҳои Абдулҳамид Самад асарҳои зарурӣ ва ҷолиб мебошанд.

РАҲНАМОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Эссе

Ҳар субҳ чун дида мекушоям, сараввал нигоҳам ба акси модарам меафтад. Пиразани резаустухон, пичаҳояш нуқрафом, нигоҳи нармаш хаста ва дардманду роздор. Дар назарам вай ҳамеша чашми умед аз ман намеканад ва рӯҳи покаш мудом аз сарнавиштам ноором аст. Чӣ рӯзҳое аз сараш мегузаранд? Бале, чун замини кишвар аз хуни инсон доғдору озурда шудааст ва ҷигарбандони як миллат бар

пешина
аз 343
навбатӣ