Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

қасди ҷони ҳамдигар теғ мекашанд, дар сина кинаву адоват мепарваранд, аз ин даҳшат, аз ин бадномии устухони аҷдодони баномуси мо дар зери ҳафт ман хок ҳам меларзад, рухашон аз ин бедодӣ, аз ин раҳгумӣ ва худкушӣ нола мекунад. Ба уфуқ чашм медавонам. Гулобист уфуқ ва ин нишонаи дагдагаи тулӯи хуршед аст. Аз баракати дидори модар ва анвори хуршед дилам кушода мегардад ва бо панҷаи нурҳо ба рӯҳи ҷовидонии модарам дуруд мефиристам. Ва дар ин лаҳза чун айёми кӯдакӣ овози нарму гӯшнавози модар омехта бо бӯи шир аз сари оташдон ё аз гӯшаи боғ ба гӯшам мерасад: «Биҳез, бачаҷон. Пеш аз офтоббаро биҳез. Нури саҳари хуршед аз даргоҳи Худованди поку меҳрубон мерасад; аз файзу сахо пур аст; зӯру тавонат мебахшад. Ният ба кори хайр, лаънат ба кори шайтон, бигӯву бо дасти рост биҳез. Баъд рӯзат хуш мегузарад, саракат бедард, дилат беғам, ризқат фаровон, мегардӣ...»

– Ё пирам! – мегӯяму сар аз болин мебардорам: – Ният ба кори хайр, лаънат ба кори шайтон...

Ва боз чун ҳамеша афсӯси ҷигарсӯзу бедаво ба дилам ҳанҷол мезанад ва ҳиҷолате вазнину надомате сангин гарданамро ҳам мекунад. Чаро аксе аз падар ба ёдгор надорам? Қомати баланд, шонаҳои паҳн, ҷомаи кушоду дарози сатини осмонранги косагулдор ба тан, салаи кабӯдфоми бирешимӣ ба сар ва фаши бари риши сап-сафеди паҳну базебаш овезон, пешонии васеи пурожанг, бинии тегадори баланд, чашмони сабзтоби андешаманд ва асои бодомӣ ба даст, падарам пеши назар меоянду дилам гум мезанад. Дӯст медоштам, ки доимо қиблагоҳро дар ҳамин сурат бубинам: ё ҳангоми хору моли ёлу гардани аспи гули бодомамон, ё бо нӯги асобелча аз сари роҳ дур андохтани сангпора, хору хас, ё тоза кардани ҷӯи рӯи ҳавливу тамошои боғ. Ва овози маргуладору таъкидомези падар низ дар гӯшам садо медиҳад: «Хушта ба сар бигир, бача. Бобит – раҳмати падари мо, мулло Қурбон ном дошт. Бибит – кампири Бузург китобхон буд, ба духтарҳои Шикоргаҳ хати савод ёд медод. Тағоит аз ҷавонӣ рафт Бухорои Шариф ва то синни чил

пешина
аз 343
навбатӣ