Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

мадраса ба мадраса хонду соҳибилм шуд. Баъд бо хурҷинҳои пуркитоб баргашту домулло Латиф ном гирифт. Мадраса кушод. Уламову соҳибақлон аз дуру наздик ба зиёрату суҳбаташ меомаданд. Афсус, ки солҳои таъқибу шикори илмдорҳо бурданд домуллора... Лекин деҳа худ ба худ номи ӯро гирифт. Зогичаи бобои домулло... Зогичаи домулло Латиф.... Таҳи гапа мефаҳмӣ? Хушта ба сар бигир, бача...»

Падарам ҳини аз ягон рафтор ё кирдори ба назараш нохуби ман, фаразан бехудагардӣ ё бо бачаҳои бадрафтор пайвастан, дилгиру норизо мешуд ва бо чунин суханҳо танбеҳ ва ҳушдорам медод. Он гоҳ ин сахтгириҳои падар чандон хушам намеомаданд ва ба хотири озурда меандешидам: «Чаро гузаштаро мудом бар сари ман бор мекунад?» Ба қавле, аз сабукӣ ва нодонии айёми бачагӣ «Панди падар шунидаму гуфтам маломат аст». Акнун ҳисси афсусу пушаймонӣ пайваста азиятам медиҳад. Чаро аз падару модар ва пироне, ки гузаштаҳои моро хуб медонистанд, шаҷараи онҳоро напурсидаму нафаҳмидам. Чаро фурсату нерӯи беҳтарини айёми наврасиву ҷавониро дар ғафлат, як андоза бесамара гузаронидам? Акнун умри чун бод дар шитоб ва гирифтории ташвишу дағдағаҳои рӯзгор имкон намедиҳанд, ки ҳамвора даст ба корҳои дилхоҳу хайр бизанем. «Эй шири хомхӯрда...» - маломат мекунам худро ва ба хонаи дигар раҳ пеш мегирам. Ва чун дарро мекушоям, нигоҳам ба акси устод Айнӣ меафтад. Пири нуронӣ, аз баландӣ, ки онро «Тахти донишу маърифат» ном ниҳодаам, аз миёни китобҳои куҳнаву нав маро бо нигоҳи роздор ва қиёфаи андешаманд истиқбол мегирад. Сафедии субҳ ба пешонии фароҳу нигоҳи хирадмандона ва риши кофурфоми базебаш салобате афзуда. Акнун донистаам, ки бори гузаштаро бардоштану кашидан қарзи ҳар як инсони бошарафу покниҳод будааст, вале адои ин вазифаи муқаддас ба манфиати миллату давлат танҳо насиби фарди зуфунун ва шердиле чун устод Айнӣ мешудааст...

Солҳост, ки устод ҳамин зайл дар тахти донишу маърифат рӯ ба хуршед истода, то ҷовидон тулӯъ ва нурҳои

пешина
аз 343
навбатӣ