Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

гарму ҷонбахши онро пешвоз мегираду мепазирад. Нуру зиёи офтоб ва хираду фазилати Айнии раҳнамову сарпараст ва дурандешу пирмуроди тавонои миллати азияткашидаи тоҷик. Ман лолу хиҷолатманд лаҳзае дар муқобили акси устод таваққуф мекунам ва ба рӯҳи поку пандоӯзии эшон санову таҳният мефиристам. Аммо аз беҷуръативу кохилии хеш дар кору амал, хизмат ба мардум ва ёфтани давоҳое ба дарди ҷомеа назди ин донишманди фарзонаву заҳматписанд худро ноҳинҷор ҳис мекунам. Ва чун фарзанд, ё набераву абера ба ӯ сари таъзим фуруд оварда, дар дил аз худ мепурсам: «Устод чӣ хизматҳое кард дар бахши эҳёи фарҳангу таърихи ҳазоронсолаи мо? Чӣ шахсиятҳои беназири илму адаб ва сиёсатро кашф карду ба авлодони аз кашокашҳои бераҳмонаву тӯлонӣ хаставу хоболудаш шиносонд ва ба онҳо хитоб кард: «Эй тоҷики ғафлатзада, гузаштаи рангину пурифтихор дорӣ. Хизматҳои беназири фарзандони арҷмандат барои рушди тамаддуни ту ва дунё аз қаъри асрҳо чун ситораи тобноқ ҳамеша сило медиҳанд. Бишнос гузаштаҳоро ва ба қадрашон бирас, сазовори номи онҳо бизӣ ва кору пайкор бикун...» Воқеан, ин акс низ ба хонадони мо хеле аҷиб, чун атои Худо дар рӯзҳои сахт ногаҳонӣ ворид гашт. Ва он соати нек барои ман чун рӯзи мутолиаи нахустин асари устод Айнӣ «Одина» фаромӯшнашаванда мебошад.

Баногоҳ дарро башаст кушода Баҳоршоҳи хурдсол даромад. Коғазпорае дар даст дошт ва пурҳаяҷон, балки пурнишот гуфт:
– Бобома ёфтам! – ва саросема кафшҳояшро афканда сӯям тохт. – Худам ёфтам бобома!

Ҳолати аҷибе рӯй дод. Бародару апаву хоҳараконаш қарахту ҳайратзада гоҳ ба ӯ, гоҳ ба модарашон нигаристанд. Охир, ягона бобои онҳо, – падари модарашон, ки гоҳ-гоҳ, вале ногаҳон дарро мекушод ва бо овози бақувваташ ҳар якеро ном бурда, дар баробари ҳалқаи пури кулчаву нони тунук ё хурмову анорҳои шириндона, олам-олам шодиву сурур меовард, нав аз олам гузашта буд. Эҳа, он лаҳза хона аз

пешина
аз 343
навбатӣ