Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
паропару даводави бачаҳо меларзид ва кампираки ҳамсоя ба ташвиш афтода аз дари нимрог сар мехалонд. Чӣ ҳодисае рӯй дода бошад? Ва медид, ки аллакай яке ба гардани пирамарди паҳлавонҷусса овезон, дигаре ба тахти сари зонуи ӯ савор, хурдсолтар худро ба оғӯшаш зада, бо ангуштакон ба «шона» кардани риши паҳну нуқрафоми ӯ саргарм аст, лабаш пури ханда, кафаш пур аз савғотиҳои бобо – кулчаву чанд дона хурмо ё анор, пас мегашт. Сипас бозиву тамошои телевизор аз ёд мерафт. Бачаҳо ба таҳдиду қоҳиши модар эътибор надода, боборо саволборон мекарданд ё маҷбур ба сайр мебароварданд. Ба ростӣ, дар саҳни ҳавлӣ аз дастони бобо доштану баробараш суҳбаткунон қадам ниҳодан бароишон як олам кайфияту ифтихор мебахшид. Охир хурду калон бо ҳавас ба онҳо менигаристанд. Аммо... чанде пеш бобо ногаҳон аз олам гузашт... Акси мӯйсафед чӣ хел дар шаҳр афтодааст?..
– Аз рӯи роҳ ёфтам бобома. Ана бубин!
Ман ба коғаз чашм давондам. Аҷаб, хаста, вале орому хирадмандона устод Айнӣ рӯ ба рӯи мо истодааст.
– Эҳа, бобои Айнӣ аст-ку, – гуфтам ва бо эҳтиром аксро гирифтам.
– Байни коғазҳои титу парешон дидамаш, – аз бозёфти худ мамнун, бо тангана башорат дод Баҳоршоҳ ва ифтихоромез афзуд: – Тез гирифтаму овардамаш...
– Таҳсину офарин! Аҷаб кори хуб кардӣ, бачаҷон, – гуфтам ба писарак ва ба сатри зери сурат нигаристам: солҳои охири умри устод сабт шуда буд. Ба ростӣ ин лаҳза чун фоли нек ба қалби ману аҳли хона рӯшноие бахшид. Хурду калон ҷамъ омада, чеҳраи пуртамкин, пешонии фароҳ, тоқии чоргул ва риши кӯтоҳи устод Айниро тамошо мекарданд.
– Акси нодир, – гуфтам: – Ҳамин хел сурати калону зебои устод Айнӣ дар хонаи мо намерасид. Ҳайрият, ки акси бобоятро овардӣ. Акнун ин суратуро чун хотира ва ёдгории дасти ту дар китобхона мегузорем.
– Додо, худам бобома ёфтаму шинохтам, – аз ситоишҳои ман дар пӯсташ нагунҷида гуфт писарак, сипас норозиву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор