Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
ташвишомез афзуд: – Медонӣ, бачаҳои дигар бобома нашинохтанд...
– Наход? Нағз не, айб аст, шармандагист ин хел боборо нашинохтан, – гуфтам бо таассуф ва таъкид кардам: – Устод Айнӣ бобои ҳамаамон аст – тамоми мардуми тоҷик!
– Ҳайрият, ки аввал худам ёфтаму шинохтамаш, – болидарӯҳ гуфт писарак.
– Лекин бобои Айнӣ аз ҳама пеш моро кофта ёфта буданд...
– Аз куҷо?
– Аз байни китобҳои куҳнаи қадима... аз ҳама ҷо...
– Чӣ хел?
– Ин ҳисса дуру дароз аст, бачаҷон, – гуфтам ва сари ӯро навозишкунон таскинаш бахшидам: – Калону мактабрав, китобхону доно ки шудӣ, худат хидматҳои бузурги бобои Айниро мефаҳмӣ...
Писарам ба андеша рафт. Шояд ин ишораҳо ба доираи фаҳмиши ӯ нагунҷида, як каме хаставу гарангаш низ карданд. Аммо ҳисси кунҷковӣ бешак ӯро ором намегузошт. Ниҳоят аз акси устод Айнӣ чашм наканда пурсид:
– Чаро сурати бобома байни китобҳо мегузоред?
– Устод Айнӣ китобро дӯст медоштанд. Худашон ҳам барои мо, набераҳояшон, китобҳои аҷоиби зиёд навиштаанд. Донишманд, ҳамадон, олими зӯри зӯр буданд, – гуфтам ва дар дил иқрор кардам, ки ба кӯдакӣ ҳанӯз аз олами китоб бехабар фаҳмонидани шаҳомати шахсият, появу хидмати бузурги фозилу алломае чун устод Айнӣ мушкил аст.
– Бобом аз ҳамаи ҳама зӯр аст? – саволи нави писарак боз маро сари андешаи ҷиддӣ кашид.
– Бале, – посух додам дилпурона: – Баъди устод Айнӣ то имрӯз мисли он кас нависанда, донишманди зӯру тавоно ва ҳамадон дар хоки Тоҷикистон нарӯидааст...
Ба лаби писарак табассуме давид пурифтихор, вале нигоҳи кунҷковаш ҳанӯз дарку фаҳмидани чизеро ифода намекард. Бинобар ин андешаамро кӯтоҳ ҷамъбаст кардам:
– Гуфтам-ку: устод Айнӣ таърихи миллати моро аз байни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор