Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
китобҳои куҳна ҷустанду ёфтанд...
— Не, ман худам бобома ёфтам! — хитоб кард писарак ва ба берун шитофт.
— Офарин! Худо фазлу дониш, тавфику баракатат диҳад, — гуфтам: — Кошкӣ набераи арзандаи Айнӣ шавӣ. Дар ин замони балозо бобову бибӣ, тамоми мардуми мо ба набераҳои ҳунарманду оқил, ҷонсӯзу дурандеш ва ҷасуру хайрхоҳ, ворисе, роҳнамое, сарпарасте чун устод Айнӣ бениҳоят эҳтиёҷ доранд...
Он айём банда муовини сардабири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» будам. Ва ин бозёфти нодири Баҳоршоҳро ба муносибати солонаи устод Айнӣ дар саҳифаи аввали ҳафтавор чоп кардем. Ва акси пири хирад на танҳо саҳифаи ҳафтаворро ҳусн бахшид, балки баъдтар дидам, ки зебу шукӯҳе ба равоқи китобхонаҳои аҳли илму фарҳанг афзудааст.
Воқеан, хизмат ва фаъолияти устод Айнӣ дар ҷабҳаи ҳифзи мероси фарҳангиву илмӣ, асолати миллӣ, рушди адабиёти муосири тоҷик сершоха мебошад. Ва устодро дар майдони хизмат мисли як сарлашкари оқилу тавонои аҳли қалам ҳамеша пешсаф мебинед. Муборизаҳои ҷасурона ва гирудори ҷонсӯзонаи устод мудом дар роҳи исботи ҳастии миллати тоҷик, таъриху фарҳанги қадима ва адабу расму оинҳои хоси он сурат гирифта. Агар дар тӯли таърих, фаразан аз асри даҳ инҷониб ба фаъолияти шахсиятҳои бузурги адабиву фарҳангиямон нек бингарем, худ ба худ иқрор мекунем: ҳеҷ як фард чун устод Айнӣ барои ормонҳои миллӣ, ҳифзи ному нанг ва фарҳанги он бо бадхоҳони ҷаррору кинавар муборизаи воқеӣ набурдааст. Уламо ва удабои намоён сари он ақидаанд, ки шароити таърихӣ устод Айниро ба майдони мубориза овард ва ин вазифаи душворро бар дӯши эшон гузошт. Бигзор ҳамин тавр ҳам бошад. Аслан айёми хунрез ва марҳилаи ҳаллу фасли сарнавишти миллат тамоми зиёиёни фидоиро баҳри ҳифзи шараф ва исботи ҳастии он ба майдони мубориза хондааст. Аммо на ҳамаи онҳо парчами роҳнамоиро ба даст гирифта, дар муқобили

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор