Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
душманиному фарҳанг шермардона сина сипар кардаанд. Ва таърих гувоҳ аст, ки бархе аз фарзандони «номии» миллат, ки дар илму дониш худро аз Айнӣ боло меҳисобиданд, ба умеди ҷоҳу ҷалол ва луқмаи лазизу рӯғани рӯи фарҳанги ҳазорсолаи аҷдодон по ниҳода, ба хизмати рақибон камар бастанд ва хоинона ба устод Айнӣ дарафтоданд. Таҳаммули сангандозӣ ва хиёнати ҳамхун, пойдорӣ дар сари имон ва ҷабҳаи ҳақталошӣ ҳамеша ҷоми устод Айниро аз шаҳди пирӯзӣ лабрез кардааст. Дасти тавонои устод Айнӣ дар ҳолате, ки ҳалқаи дурушти каманди ифлоси рақибон дар гулӯи миллати тоҷик танг мешуд, онро бераҳмона меҷафид, ба имдод расид ва ин ҳалкадавакро моҳирона барканд. Дар ин сангар, дар ин часпу талош сипар, муттако ва шоҳиду мададгори устод рӯҳи бузургони миллат ва шоҳкорҳои эшон дар бахши адаб, илм ва сиёсати давлатдорӣ шудааст.
Агар ба тақдири забони модариямон нигарем, мебинем, ки он чун сарнавишти мардумамон ҳамеша печида ва пуршебу фароз будааст. Замоне ин забон ба тамоми шаҳомати сарватҳояш тахти салтанат дошт ва овозаи ҳусну шукӯҳаш то ҳанӯз оламгир аст. Чун сукути давлат ва таназзули миллат фаро расид, забон низ андак-андак рӯ ба харобӣ овард, – ҳарчанд, ки дар муқовимат бо сахттарин ҳодисаҳои таърих аз ҳама беш забони мо ҷонсахтӣ ва пойдории хешро собит кард ва то ба имрӯз чун таҳамтани шикастнопазир посбони беҳамтои миллат боқӣ монд. Бале, забони тоҷикӣ чун посбони беназир ва сарчашмаи бақои миллат то ҷовидон қаҳрамон хоҳад буд. Аммо як чиз мусаллам аст: вақте давлат ба дасти аҷнабӣ меафтад, хоҳу нохоҳ забонаш бо унсурҳои бегона олуда мешавад ва батадриҷ истиқлолияти худро аз даст медиҳад.
Дар чунин айёми харобшавии фарҳанг дар қаламрави Бухоро ба бахти мардуми мо устод Айнӣ бар сари гаҳвораи нимвайронаи забон нишаст. Ва эшон чун ворису посбони фарҳанги ҳазорсола дар он замони хунрезу пурмоҷаро дар ин роҳ мардона камари хизмат баст, зеро амиқ медонист ва хеле

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор