Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дақиқ дарк карда буд: танҳо эҳёи фарҳанг, бахусус забону адаб бақои ҳастии давлату миллатро таъмин менамояд. Ба ростӣ, дар ин ҷабҳа аз аҳди Исмоили Сомонӣ то қарни мо ҳеҷ як донишманд барои исботи ҳастии миллат, забон, адабу илм ва фарҳанги мардуми худ мисли устод Айнӣ ҷонбозӣ ва часпу талошҳо накардааст. Вақте ки мухолифон аз минбару матбуот бешармона ба рӯи миллату забони тоҷик хати сиҳ кашиданд, устод Айнӣ бо дили пур эълон дошт: «Тоҷикон забони ҳазорсолаи худро доранд ва ин забон давом хоҳад ёфт». Бале, маҳз Айнӣ бандаи фиребу найранги аҷнабиён нашуд ва аз ҷони худ наҳаросида, бо душманони забону адаби тоҷик ба муборизаи рӯйрост бархост. Ва дар ин ҷабҳадорӣ дониш, ақлу заковат ва тамкину нияти хайр пирӯзаш сохт. Инро насри фасеҳу доманадор, тадқиқотҳои басо аҷоибу ҳадафнок, мақолот ва андешаҳои бикру хушдордиҳандаи устод собит менамояд. Ба донишмандони гиромӣ пӯшида нест, ки охири асри XIX ва ибтидои асри XX забони мо аз калима ва таъбиру ибораҳои аҷнабӣ хеле махлут, печида ва дандоншикан шуда буд. Дар айёми нав софкорӣ ва оммафаҳм кунонидани забон ба миён омад, ки ин тадбир хеле зарур ҳам буд. Дар ин марҳила устод Айнӣ чун пешоҳанги ин ҳаракат ба саволи «Забони оммафаҳми тоҷик чист?» чунин посух дод: «Забони оммафаҳми тоҷик забонест, ки вайро оммаи тоҷик фаҳмад, дар ҷумлабандӣ, дар ташбеҳҳо, дар киноя ва истиораҳо, дар зарбулмасал ва дигар бобатҳо хусусияти рӯҳи забони тоҷик риоя карда шуда бошад».

Фармудаҳои устод бешубҳа роҳнамо ва дастури муфиде буданд барои ҳаводорони илму фарҳанг ва онҳое, ки ба забони адаби миллат сару кор доштанд. Ҳанӯз соли 1926 устод дар мақолаи «Матбуоти тоҷик» навиштааст: «Ҳар муҳаррир ва мухбире, ки барои рӯзнома мақола ва хабар менависад, дар навиштаҳои худ луғату забони ҷои бошиши худро мувофиқи қоидаи форсӣ ба кор бурдан гирад, дар натиҷа рӯзнома як сарчашмаи луғати мардум хоҳад шуд. Аз ин луғату истилоҳҳо аз ҳама пеш бештар нависандагони

пешина
аз 343
навбатӣ