Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

тоҷик фоида бурда, ба сармояи адабии худ хазинаҳо хоҳанд афзуд».

Магар ин даъвати оқилона ва дурандешона нест?

Алҳол перомуни истифодаи лаҳҷа ё забони шифоҳӣ баҳсҳое сурат мегиранд ва аз устод Айнӣ низ дар сари ин масъала ҷурм меҷӯянд. Воқеан, айёми оромӣ ҳар фард метавонад дар масъалае забондарозӣ бикунад ва бар сари бузургони азмиёнрафта санги маломат бишканад. Вале ин ғайри ҷилваи фазилатфурӯшӣ чизе нест. Бубинед, ки устод дар масъалаи меъёри истифодаи лаҳҷа чӣ фармудаанд: «Хуш карда гирифтани лаҳҷа ва қабул карда гирифтани лаҳҷаи умумитар як масъалаест, ки бо андак-андак кӯшиш ҳал намешавад». Ин ҷавоби устод ба он баҳсҳои содалавҳона ва талошҳои кӯтоҳбинона, ки ҳар кафлезбадаст лаҳҷаи маҳаллии худро забони адабӣ эълон кардан мехост, нуқта мегузорад. Лекин устод таъкид мекунанд: «Забонро аз халқ омӯхтан, ба ҳодисаҳои мусбати забони гуфтугӯӣ эътибор додан лозим аст». Зеро аллома Айнӣ итминон дошт, ки «Забони миллат дар хунаш зоҳир мегардад».

Чандест, ки ба ду ҷиҳат аз устод Айнӣ ҷурм меҷӯянд: яке сода кардани забон, дигаре табдили алифбо. Ба гумонам, сода ё оммафаҳм кардани забон дар он айём барои ҷомеаи мо ҳодисаи мусбат буд. Чунки услуби печида, дурушт ва пур аз таъбиру ибораҳои дағали аҷнабӣ (масалан: арабӣ ё махлути забони узбекӣ) барои саводнок шудани мардум созгор набуд. Аз ҷониби дигар ин кӯшиш барои софкории забони мо мусоидат ҳам кард. Ва устод Айнӣ он гоҳ чунин дастур додаанд: «...бояд нависанда ба дараҷаи сода ва оммафаҳм нависад, ки ҳар хонанда гуфтаҳои ӯро равшан фаҳмад ва дар айни замон навиштаҳои ӯ мувофиқи қоидаҳои забон буда, дилчаспу шавқангез барояд».

Аз ин пора чунон ки мебинем, ният ва ҳадафи устод Айнӣ нек аст. Даъвати сода ва оммафаҳм кардани забонро аз ҷониби эшон масалан, ба сатҳи гуфтугӯи авомона ва кӯчаву бозор фаҳмидан хандаовар менамояд. Ва нависандае ба ин роҳ рафта, яъне бо услуби гуфтугӯи кӯчаву бозор асар

пешина
аз 343
навбатӣ