Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

навишта бошад, айби нотавонӣ ва кундфаҳмии ӯст, на ҷурми устод Айнӣ. Умуман, масъалаи сода кардани забонро аксари донишмандон мусбат ва муфид шумориданд ва ман онро чун кӯшиши софкории забон мепазирам.

Чунон ки мегӯянд, ба як гул баҳор намешавад. Барои ба манфиати забон ва осори хаттӣ истифода бурдани ҷараёни сода ва оммафаҳм кардани забон бояд шахсиятҳои тавонои дигари фарҳангӣ талош меварзиданд. Дар ин ҳолат тир ба ҳадаф мерасид. Дар ин хусус хулосаи академик М. Шакурӣ ҷолиб аст: «Монеаи асосӣ бетаҷрибагии кадрҳои нави маданият дар истифодаи имкониятҳои забони адабӣ буд». Лекин худи устод Айнӣ аз каҷфаҳмии сода ва оммафаҳм кардани забон ба танг омада, дар номае бо сӯзу гудоз ба устод Лоҳутӣ нигоштааст: «Акнун ман намедонам, ки бо ин «Роҳбарони забони тоҷик» чӣ кор кунам? Онҳо забони адабии классикро нафаҳманд ва забони зиндаи халқро надонанд ва маҷбур кунанд, ки «чизе навис, ки ман фаҳмам». Дар ин сурат вой бар ҳоли ману монандӣ ман».

Албатта, масъалаи табдили алифбо фоҷиаи сангини миллати мост. Вале, ба назари мо, табдили алифбо кори сиёсати замон буд ва устод Айнӣ мехост-намехост, алифборо дигар мекарданд. Охир қариб дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ алифбо дигар шуда буд. Ва ҳақ ба ҷониби Манофзода мебошад, ки дар ин маврид гуфтааст: «Алифбои нав бо зӯри шамшер омада буд». Ин фоҷиаро ишораи шоири маорифпарвар Абдулвоҳиди Мунзим рӯшантар месозад. «Адабиёт (адабиёти навин дар назар аст - А. С.) барои пирон баъди табдили алифбо бегона гардид». Гуфтаҳои боло собит мекунанд, ки хори ин туҳмат ҳаргиз ба домони устод Айнӣ намечаспад.

Ҳар боре ман эроду хурдагириҳоеро ба заҳмату шахсияти устод Айнӣ мешунавам, суханҳои донишманди бузурги Эрон устод Анҷавии Шерозиро, ки аз дӯстону ҳамсафони наздики адиби забардаст Содиқ Ҳидоят буд, ба ёд меорам. Алии Деҳбошӣ – дӯсти фарҳангу адабиёти тоҷик, сардабири маҷаллаи «Килк», ҳоло «Бухоро», бандаву

пешина
аз 343
навбатӣ