Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Гулназарро ба зиёрати ин пири хирад мушарраф гардонд. Ва чун суҳбат аз Садриддин Айнӣ оғоз ёфт, дар чашмони пиронаи устод Анҷавии Шерозӣ нури шодмонӣ дурахшид ва гуфт:
– Айнӣ бузургмарди донишманде буда. Бале, банда ба «Ёддоштҳо»-и эшон ошно шудаам. Чӣ насри бетакаллуф, шевову равон, чӣ забони хушобу ранги порсӣ! Аз баъзе осори пурарзиши илмии эшон низ огоҳам... Инро ҳам бояд ба шумо арз бикунам, ки дар олами форсии мо чунин мардони боҳунар, фидой, ҷонсӯзи фарҳангу миллат кам будаанд. Афсӯс, ки асарҳои Айнӣ пурра ба дасти мо нарасида...
Ин баҳои холисонаи хирадманди Эрони бузург аст ба аллома Айнӣ. Ва ин мушти обдорест ба нотавонбинони устод Айнӣ. Сано бод ба он заргар, ки қадри зар бидонад!
Агар ба рафти замон холисона назар афканем ва фаъолияти уламои илми забон, хосатан онҳоеро, ки сарфу наҳви навинро аз қолибҳои бегона ба чорчӯбаи тоҷикӣ рехтаанд, дар тарозуи инсоф баркашем, омилҳои ғализу дуруштшавии забонамон падидор мегарданд. Ин ҳолат аз солҳои сию ҳафтод хеле ривоҷ доштааст. Кор ба дараҷае расид, ки соли 1951 Бобоҷон Ғафуров чун муншии аввали ҳизб дар ин масъала бонги изтироб зад: «Коркунони илмӣ, – менависад ӯ, – бо баҳонаи такмил додан ва революсионӣ кунондан грамматикаи забони тоҷикиро вайрон менамуданд ва бо баҳонаи бо забони халқ наздик кунонидани забони мо забони адабии тоҷикро бо провинциализм (музофотгароӣ - А. С.) ифлос мекарданд».
Забон дард ва ҷони устод Айнӣ будааст. Ва рафти инкишофи забон, муносибати қувваҳои мухталиф ба он ҳамеша дар мадди назари устод меистод, ҳарчанд, ки эшон чун шахси мадрасадида ё аз илм ва обу ҳавои «инқилоби забон» камогоҳ мудом зери назорат ва тафтиши муҳаррирону ҳадафи сарзаниши мунаққидони ҷавон будааст. Бо вуҷуди ин устод нисбат ба ягон масъалаи баҳсталаби забон бетараф наистода, фикри хешро рӯйрост баён кардааст. Аз ҷумла, соли 1928 дар бораи умумияти забони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор