Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ чунин менигорад: «Як тоҷик ё як эронӣ асарҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ ва монанди инҳоро чӣ қадар фаҳмида, дӯст дошта хонад, ҳамон қадар ҳам асарҳои Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Исмати Бухороӣ, Сайфи Исфарангӣ ва монанди инҳоро фаҳмида ва дӯст дошта мехонад».
Устод Айнӣ таъкид мекунад: «Мантиқ илмест, ки донандаи он мувофиқи ақл сухан мегӯяд ва менависад. Мантиқ меъёри сухан ва суханронист, хусусан барои нависанда. Нависанда бояд бо маҳаки мантиқ сақат ё сиҳати фикри худро худаш пеш аз навиштан ва гуфтан санҷад». Вале имрӯз харобӣ ва бемантиқии сухан дар матбуот, радиё ва телевизион, дар навиштаҳои мо зиёд ба назар мерасад, ки дар ин ҷурми устод Айнӣ набуда, гуноҳи коҳилӣ ва нодонию бемасъулиятии аҳли қалам аст.
Устод Айнӣ дар ҳолати хориву афтодагии миллати мо чун атои Худованд ба майдон баромад. Ва ин баҳри беқанори илму дониш ва адабу фаҳмиш ба шодоб сохтани замини харобгардидаву сӯзони фарҳанг пардохт. Вале бо чӣ тамкине, бо чӣ шикастанафсие ва муҳаббату самимияте. Ӯ ҳанӯз дар ибтидои фаъолияти илмӣ ва адабии худ эълон доштааст. «Бухорои давраи охирро бе мардони фозил, донишманд ва тараққихоҳ гумон накунед. Дар Бухорои давраи охир ҳам ин қабил мардон кам набуданд, аз ман хеле ва хеле зиёдтар буданд, аммо онҳо барои ба роҳ андохтани истеъдодашон, барои ба кор бурдани дониши худ имконият пайдо карда наметавонистанд. Ҳар истеъдод барои намоёндани худ заминае лозим дорад. Чун заминаи мусоид ва парваранда набуд, мардони соҳибистеъдод ношукуфта, пажмурда нобуд мегардиданд. Октябр ба сабзиши ман замина ба вуҷуд овард».
Хизмати устод Айнӣ ба рушди забону адаби мо бузург аст. Инро аз тадқиқотҳои сари дастии эшон дар хусуси устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ, Ибни Сино, Шайх Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Навоӣ, Абдулқодири Бедил, Мавлоно Восифӣ, «Чор дарвеш» ва ғайра метавон пай бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор