Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Вай дар ҳар тадқиқоти худ албатта ба масъалаи покизагии забон ё поксозии забон ишорае мекунад. Масалан, дар хусуси софии забони «Шоҳнома» ва дар гуфтугӯи мардуми тоҷик фаровон истифода шудани луғот, ибора, вожаҳои ин шоҳасар ба маънои аслиашон таъкид мекунад. «Сар то пои он (яъне, «Шоҳнома» - А. С.), – менависад устод Айнӣ, – ба оммаи тоҷикон фаҳмост: балки бештарини онҳо имрӯз дар забони зиндаи мардуми тоҷик кор фармуда мешавад». Ё дар хусуси ба забони модарии худ асари илмӣ таълиф кардани Шайхурраис Ибни Сино ишора карда, таъкид менамояд: «Ӯ ба ҷои «ҷамъ» «гирд» менависад, ба ҷои «ашё» «чизҳо», ба ҷои «мизон», «тарозу» менависад ва дар мусиқӣ аз «созӣ» ва «носозӣ»-и овозҳо гап мезанад ва «мо фавқ-ут-табиа» ё ин ки «мо баъд-ут-табиа»-ро «берун аз табиат» мегӯяд». Вай қобилияти забони илмӣ шудани забони форсӣ-тоҷикиро нишон дода тавонистааст. Аз эҳтимол дур нест, ки устод Айнӣ бо ин ишора диққати зиёиён, аҳли илму сухан ва ҷавононро ба софкории забони модарӣ, оқилона истифода кардани ганчинаи бепоёни он даъват кардааст. Устод Айнӣ дар хотимаи «Намунаи адабиёти тоҷик» мақсад ва ормони хешро возеҳтар баён намуда, ҷавононро ба майдони ҳунар, хизмати адабу фарҳанги миллӣ мехонад. «Мо гӯшт, равған, биринҷ, сабзӣ, пиёз ва соири моялзами (лозимӣ, резавор - А. С.) ошро омода кардем. Акнун ҷавони қобиле даркор аст, то ки қобилпазӣ кунад».
Як нуктаро хонандаи имрӯз дар мадди назар дошта бошад: ҳар чизе устод таълиф мекард, ҳатман ба хурдагирӣ ва танқиду сарзаниши «босаводони ҷавон» дучор меомад. Ба таълифоти эшон бештар тобиш ва баҳои сиёсӣ медоданд. Масалан, устод доир ба «моҳияти «Чор дарвеш» мегӯяд: «Китоб як хазинаи пуркимати забони адабии классикии сода аст, ки ҷавонон метавонанд ба қадри ҳиммат ва хоҳиши худ аз ин хазина ҳиссаҳо бардоранд». Аммо тезкалами ҷавоне ҳамон солҳо дар ҳаққи ин шоҳасари адабиёт ва хизмати устод Айнӣ чунин ҳукм баровардааст: «Чор дарвеш» на фақат асари классикӣ нест, балки асари зиддихалқӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор