Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
зиддиилмӣ аст». Ҳукми ҷоҳилона!
Ин манзара ва ҳолати ногуворро андешаҳои ховаршиноси маъруф Бертелс оид ба «Луғати нимтафсилию тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод Айнӣ, ки бемуҳобот аз корҳои арзишманди эшон аст, рӯшантар месозад. Вай соли 1939 ин луғатро «шоҳкории нав» номида, хеле боэҳтиёт «нуқсон»-ҳои ҷиддии онро хотирнишон месозад. «Дар луғати шумо, — менигорад Бертелс, — бо ҳама сарват, ки дороии он аст, калимаҳои советӣ ва интернатсионалӣ ёфт намешавад». Ва ӯ таъкид мекунад: «Метарсам, ки ин китоб дар ҳамон шакли ҳозирааш аз чоп барояд, баъзе танқидчиёни мӯшикоф як ҳаёҳуе хоҳанд баровард, ки он сараш нопайдо хоҳад буд. Хоҳанд гуфт, ки Шумо мухолифи дохил кардани чунин калимаҳо дар забони тоҷикӣ ҳастед ва дигар ҳамин хел музахрафот». Хонандаи ҳушманд медонад, ки дар он замони моҷаропарвар, ки аҳли сухан, ба таъбири «дӯғро пуф карда мехӯрд», ин ишора чӣ маънӣ дошт.
Дар ҳар сурат, устод Айнӣ солҳое, ки чун сипаҳсолори адабу фарҳанги тоҷик ҳадафи таҳдиди бадхоҳон қарор дошт, дар масъалаи нигоҳ доштани асолати забон ва ҳамрешаву як будани фарҳанги тоҷику форс аз сари имон заррае дур нарафт. Имрӯз, фарзан, аз устод Айнӣ сохтани як нависандаи модерну сабкпардоз, ба хиёли банда, кӯшиши беҳуда менамояд. Аммо вай чун шахсияти бузурги фарҳангӣ, донишманди забардаст, суханвари хушкалому соҳибистеъдод ба ягон дастгирӣ эҳтиёҷ надорад. Ва нерӯи заковат ва ҳунари устод дар пояе қарор дошт, ки метавонист дар ҳама сабкҳо асари хонову воло биофарад. Масалан, агар эшон танҳо дар наср қувва меозмуд, манзара ранги дигар мегирифт. Вале паҳно ва серҷабҳагии эҷодиёти Айнӣ дар лаҳзаи доғу зарур ӯро чун муаррихи ҳамадону тавоно, ҷое сиёсатмадори дурандеш, донишманди ҳақгӯй ва муҳаққиқи дилсӯз, ҷое рӯзноманигори оташинсухан ва муборизи роҳи адолату инсоф мебинем, — ба ин монеъ шуда. Вале он чиз мусаллам аст, ки устод Айнӣ, чун поягузори адабиёти навин,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор