Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
муаллифи нахустин қиссаву румонҳои дилангез корвонкаши насри мост. Ва ҳақ ба ҷониби устод Мирзо Турсунзода мебошад, ки гуфтааст: «Агар хизмати адабиву илмӣ ва фарҳангии устод Айниро дар як палаи тарозу, хизматҳои ҳамаи моро дар палаи дигар бигзорем, мебинем, ки хизмати устод хеле ва хеле зиёд аст». Ин баҳо ҳаққонист ва устод Айнӣ ҳамеша ба ин баҳо сазовор аст. Ин ҷо заррае аз хизмату талошҳои устод зикр шуд. Танҳо заррае...
Боре дар деҳоти вилояти Чернигов ба хонадони чанде аз мардуми украин меҳмон шудам. Аз қадами нахустин ба ҳуҷраҳои эшон акси сӯзании Тарас Шевченко ба чашмам расид. Ва донистам, ки барои занону духтарони украин бо муҳаббату самимияти хоса ва риштаҳои рангину хушҷило офаридани акси шоири тавонои миллаташон қарз ва ифтихоре будааст. Ман дар дил ба онҳо аҳсант мехондам. Охир эшон ба ин восита эҳтироми бепоёнро ба шоири бузургашон асрҳо боз дар дили фарзандон ҷо мекунанд. Ана инро худшиносии миллӣ мегӯянд! Вақте ки зан, модар шахсияти тавонои ҳамҳуну ҳамзабонашро мепарастад, он миллат то ҷовидон пойдор мемонад. Бале, худшиносии миллӣ аз эҳтиром ва парастиши шахсиятҳои тавонои фарҳанг оғоз меёбад. Ба ростӣ, он лаҳза ҳисси маломат қалбамро мефишурд, ки чаро мо тарғиби шахсияти бузургвореро чун устод Айнӣ ҳамин зайл ҷорӣ карда натавонистаем. Охир шахсият ва хизмати устод барои миллати тоҷик беҳисоб аст ва арзандаи ҳама қадршиносиҳост. Месазад, ки ҳар як тоҷик устод Айниро чун пирмуроду раҳнамои миллат дар дилу дида ҷой диҳад, тоҷи сар бикунад ва меҳанпарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва ҷоннисориро дар роҳи ҳифзи ному шарафи халқи худ аз ӯ биомӯзад...
Нигоҳи ман ҳар субҳ ибтидо ба акси модарам бармехӯрад. Ӯ чашми умед ба ман дорад чун ҳамаи модарон ба фарзандон. Ман ба рӯҳи модар дуруд мефиристам ва рӯ ба хуршед меорам, ки рӯшноиву меҳру навозишашро ба мавҷудоти олам баробар бахш мекунад. Ва дастовезам нури зарҳалину нарми офтоб, дилам аз надоштани акси падар як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор