Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

каме хиҷил, ба ҳуҷра мегузарам. Нигоҳи пири нуроний устод Айнӣ истиқболам мегирад. Ӯ дар курсии илму фазлу дониш нишастааст. Ман ба ӯ салом медиҳам ва наздаш сари таъзим фуруд меорам. Дилам қувват мегирад, кушода мешавад. Худованд ба миллати мо баробари ҳама фоҷиаҳо чунин фарзанди тавоно ва балогардон додааст. Шукри ин неъмат, шукри ин сарвати бебаҳо! Сано бодат эй устод! Аз нигоҳи роздор ва саршори фазлу хиради устод фотиҳа металабам. Ва меандешам: тамоми мардуми мо дар ин рӯзҳои сӯзон ба фотиҳаи устод Айнӣ ниёз дорад. Ваҳдати миллати тоҷик, эҳёи фарҳанги тоҷик армони устод буд. Вай миллати тоҷикро бо нӯғи қалам ҷамъ оварда буд ва забони тоҷикро бо шамшери ҳома ҳифз карда буд: вай фарҳангу адаби форсу тоҷикро аз коми аждаҳо раҳонида, бо сипари ҷон ва гурзи донишу хирад дари бӯстони онро кушода буд. Ва насли баъдинаро дар муқаддимаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ин зайл ба сари нангу номус кашида буд: «Ана майдон, ана гӯй, ана чавгон, ана асп; савор шаву ҳунаратро нишон деҳ...»

Бале, ҳар субҳ ман ба акси устод фарзандвор сари таъзим фуруд меорам ва аз рӯҳи покаш фотиҳа мегирам. Ӯ пири халқи тоҷик ва муҳаббати ман аст. Ва чун ҳамеша «ният ба кори хайр...» мегӯяму аз хона мебароям. 1998

пешина
аз 343
навбатӣ