Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
ГУЛРУХСОР
(Сафиева Гулрухсор)
17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд ёфтааст.
Соли 1968 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён расонда, фаъолияти меҳнатиро ба сифати мухбири шуъбаи адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз кардааст.
Баъдан мудири бахши матбуоти КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1969), муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» (1970-1972), муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (1972-1981), котиби Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1981-1986), раиси Хазинаи маданияти Тоҷикистон (Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, 1987-1993) ва раиси Фарҳангистони байналмилалии «Евро-Осиё»-и Русия (1994-2002) буд. Ҳамчунин, муассиси созмони фарҳангӣ ва ҷамъиятии Фарҳангистони байналмилалии Шеъри Ҷаҳон мебошад, ки аз соли 1998 раисии онро бар уҳда дорад.
Гулрухсор аз айёми мактабхонӣ машқи шеър карда, шеъри нахусташ соли 1962 дар рӯзномаи «Қаротегини Советӣ» мунташир гардидааст. Минбаъд ашъораш дар маҷмӯаҳои «Бунафша» (1970), «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975), «Афсонаи кӯҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984), «Сипар» (1990, ба хуруфи форсӣ), «Оинаи рӯз» (1984), «Оташи Суғд» (1986), «Рӯҳи Бохтар» (1987), «Қасидаи кӯҳистон» (1988), «Тахти сангин» (1992), «Зодрӯзи дард» (1995), «Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Паймонаяи ғазал» (2007), «Ҷовидона» (2009), «Шӯъла дар санг» (2010), «Сад оҳи як нафас» (2012), «Дигар ишқ!» (2014) чоп шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор