Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Рисолаву маҷмӯаҳои манзуму мансури Гулрухсор дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла, дар аксари ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики хориҷӣ тарҷума ва чоп шудаанд, ки «Ояти ишқ» (1992; Олмон-Люксембург), «Гулчини ашъори Гулрухсор» (1993), «Зодрӯзи дард» (1996), «Ашки тӯфон» (2000), «Ривоятҳои ногуфта» (2001), «Танҳотар аз танҳоӣ» (2009), «Сакарот» (2011), «Гузидаи ашъор» (2014) аз он ҷумлаанд.
Гулрухсор солҳои 1993-1997-ро дар муҳоҷират ба сар бурда, бисёре аз шеърҳои дар он замон сурудаи ӯ шеъри ҳолатанд, ки вазъи рӯҳонию равонии гӯяндаро намудор мекунанд.
Ашъори ошиқонаи Гулрухсор моломоли ҳиссиёти эҳтирозу эҳтирос ва хоҳишу коҳишҷӯст. Шоира на танҳо эҳсосоти ошиқонаи шахси худ, балки ҳолату рӯҳияи ошиқонаи ҳамнаслону ҳамзамононашро сурудааст.
Дар эҷоди манзумаву достон ҳам иқдоми босамаре барниҳодааст. Аз ҷумла, достони «Комсомол» (1974) аз таърихи ташаккул ва муборизаҳои қаҳрамононаи Иттиҳоди ленинии ҷавонони шӯравӣ ҳикоят мекунад.
Дар манзумаи «Шабдарав» (1975) саҳифае аз ҳаёти халқи тоҷик дар ақибгоҳ — дар як қитъаи хурди кишвари паҳновари шӯравӣ, меҳнати фидокоронаи занону мӯйсафедон дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба тасвир омадааст.
Достони «Мотами сафед» (1983) аз қисмҳои ҷудогонае, ки бо хатти ягонаи сюжет ба ҳам пайвастаанд, иборат аст. Қаҳрамони асосии достон Гулпарӣ ном занест, ки саргузашти ӯ бо тақдири шавҳараш Раҳмат Сано — муаллим ва иштирокчии ҷанг пайваста тасвир ёфта, дар симои худ хислату табиат, сиришту бунёди маънавии занони кӯҳистони тоҷикро таҷассум намудааст. Тарғиби хислатҳои неки инсонӣ, ибрози нафрату адоват нисбат ба риёву фитнагарӣ, тараннуми адолату асолат ва покиву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор