Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

назофати инсон дар кору зиндагӣ ғояи асосии достонро ташкил медиҳанд.

Достонҳои «Сипар» (1983), «Рӯҳи урён ё ҳафт суруди носурудаи Робия» (1986), «Жакон» (1990), «Сиёҳу сафед», (1993), «Ману шаб» (1995) «Озарахш» (2006), «Мурофиаи баҳор» (2006), «Таърих гувоҳ аст...» (2011), «Муждаи аргушти як ҷуфти парасту» (2012), «Қандил» (2014) аз офаридаҳои солҳои охири шоира мебошанд.

Дар ашъори Гулрухсор ангезаи лиризми эҳсосипанд мавқеи муҳим дошта, офаридаҳояш аз сарчашмаи ғановатманди эҷодиёти шифоҳии мардум об хӯрдаанд. Намунаҳои «Фолклори водии Қаротегин», ки соли 1984 дар таҳияи ӯ дастраси умум гардид, зодаи ҳамин алоқамандиву муҳаббат аст.

Рисолаҳои пажӯҳишии Гулрухсор «Шинохти рубоиёти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ» (2000), «Китоби гӯё» ва дувоздаҳ барномаи таҳқиқии родиёии «Атри Чӯи Мӯлиён» (2011) паҳлӯйи дигари эҷодиёти шоираро намудор месозанд.

Шоира барои бачаҳо низ шеъру достонҳо ва намоишномаҳои ҷолибе навиштааст, ки маҷмӯаи «Афсонаи кӯҳӣ» ва намоишномаҳои «Зилзила», «Ба мо бовар кунед!», «Озода» ва «Ғори ачинаҳо» дар он шумуланд, ки охириро Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмуди Воҳид беш аз ҳазор маротиба намоиш додааст.

Гулрухсор муаллифи чандин асари насрист. Аз ҷумла, дар романи «Занони Сабзбаҳор» (1988)-и ӯ лаҳзаҳои мудҳиши замони ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва бори сангине, ки бар дӯши занону духтарони тоҷик дар ақибгоҳ афтода буд, мавриди тасвир қарор гирифтаанд. Ҳадафи асосии нависанда дар ин роман таъйиду таъкиди муътамади далериву сабурӣ, садоқату дурандешӣ ва порсоии зани тоҷик аст.

пешина
аз 343
навбатӣ