Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Адибулмамолики Амирӣ, Маликушшуарои Баҳор, Алиакбари Деҳхудо, Саид Ашрафидини Гелонӣ мехонданд.
Ашъори давраи машрутаи Лоҳутӣ, ки фарогири солҳои 1906 – 1911 мебошанд, бештар дар саҳифаҳои рӯзномаҳои “Ҳаблулматин”, ки дар Калкаттаи Ҳиндустон чоп мешуд ва “Эрони нав” ба табъ расидаанд.
Шеъри “Эй ранҷбари сиёҳтолеъ” (аз 90 мисраъ иборат буда, дар шакли маснавӣ суруда шудааст) собит месозад, ки Лоҳутӣ ба назарияи инқилобҳои Фаронсаву Англия ва Русия ошной доштааст. Шоир кӣ будани ранҷбар ва як умр дар азоб будани ӯро ошкор сохта, ягона роҳи аз ин варта раҳои ёфтани ин табақаро дар иттиҳод ва талош варзидан баҳри соҳиб шудан ба ҳукумат медонад:
Ҳар вақт ҳукумат аз шумо шуд,
Дарди ту, яқин бидон, даво шуд.
Дар шеърҳои “Фарёди миллат” (1909), “Маънии одам” (1910) “Эй хуш он рӯзе, ки дунёро даруни хун бубинам” (1912) назари Лоҳутӣ ба сохти ҳамонвақтаи Эрон боз ҳам амиқтар ифода ёфтааст. Ба хусус, ғазали машҳури “Ё ҳар ду” дар масъалаи фош сохтани ниятҳои манфиатҷӯенаву зараровари вакилону вазирони давр, ки ба ҷомеаи Эрон хиёнат кардаанд, ҷолиб мебошад. Ғазали “Ё ҳар ду”, ки аз ёздаҳ байт иборат аст, сар то по ифодагари ғазаб ва нафрати миллати Эрон ба ҳукуматдорон мебошад:
Ватанро фитнаи маснаднишинон дод бар душман,
Ва ё ин мардуми бедониши бозор, ё ҳар ду?
Бинои зулму истибдоди синфи муфтхӯр вайрон,
Зи чаккуш мешавад, ё доси ҷавҳардор, ё ҳар ду?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё