Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
гуногунжанру гуногунҳаҷми шоир мушоҳида шавад ҳам, бештар дар жанрҳои ғазал ва рубоӣ инъикос гардидааст. Лоҳутӣ аз аввалин ғазалҳои ишқии худ анъанаи ғазалсароёни адабиёти классикиро бомуваффақият давом додааст. Чашм, хол, зулф, абрӯ, мижа, чеҳра, лабу дандон барин мафҳумҳо, ки дар ғазалиёти гузаштагон предмети асосии тасвир буданд, дар ғазалиёти Лоҳутӣ низ ба таври васеъ истифода мешаванд:
Тоири доми туву сайди гирифтори туам,
Зулфу холи ту яке дому яке донаи мост.
Дили Лоҳутӣ агар з-оташи савдост кабоб,
Ошиқи сӯхтаи наргиси мастонаи мост.
Баробари такмили услуби фардии эҷодиёти Лоҳутӣ ашъори ишқии ӯ низ ба хусусиятҳои хос соҳиб мешаванд. Баъдтар дар ғазалиёти ишқии шоир дар қатори тасвирҳои анъанавии душвориҳои ишқу нокомиҳои ошиқ, бераҳмӣ ва нозу карашмаи маъшуқа, сӯзу гудози ошиқ дар фироки ёри бевафо, зории дил, умеди висол афкори сиёсиву иҷтимоӣ, озодихоҳӣ ва тарбиявию ахлоқии ӯ низ инъикос меёбанд. Ҳатто, баъзан, ҳиссиёти ошиқонаи қаҳрамони лирикиро аз паҳлӯҳои дигари андешаҳои ӯ ҷудо кардан имкон надорад. Дар ғазали "Ошиқам, ошиқ ба рӯят", аз як тараф, сӯзу гудози ошиқи ноком ва, аз тарафи дигар, сӯзиши дил ва вафодории шоир нисбат ба ватанаш - Эрон ифода меёбад:
Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон,
Сӯхтам дар орзуят, гар намедонӣ, бидон.
Бо ҳама занҷиру банду ҳиллаву макри рақиб,
Хоҳам омад ман ба кӯят, гар намедонӣ, бидон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё