Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Ҳеҷ медонӣ, ки ин Лоҳутии овора кист?
Ошиқи рӯйи накӯят, гар намедонӣ, бидон.
Ашъори лирикии шоир ниҳоят самикӣ, пуробуранг буда, ба хонанда қуввату рӯҳ мебахшад, ӯро бо покиву садоқат, боварию устуворӣ ва лаззату ҳаловат бурдан аз зебоиҳои зиндагӣ ҳидоят менамояд. Мисли ғазали зерин ғазалҳое, ки сар то по аз сӯзу гудоз ва арзу ниёзи ошиқ иборат буда, ба хонанда завқи эстетикӣ ато намоянд, дар эҷодиёти шоир кам нестанд:
Имшаб андар хонаам шамъи қади ҷонона нест,
Сад чароғ ин ҷост, аммо равшанӣ дар хона нест.
Ҷонфишониҳою кӯшишҳои ман дар роҳи ёр,
Достони ишқи таърихӣ бувад, афсона нест.
Сидқу ихлосу таҳаммул шарти ошиқ будан аст,
Ҳар магас дар оташе афтад, бидон, парвона нест.
Дил махонедаш, ки аз озори ҷонон рам кунад,
Дил агар бошад, ба дилбар ҳеҷ гаҳ бегона нест.
Бархе аз ғазалҳои ишқии шоир заминаи воқеӣ дошта, таҷассумгари ҳаёти оилавии ӯ мебошанд. Лоҳутӣ соли 1931 хонадор мешавад ва минбаъд муҳаббату садоқати ҳамсараш Ситсилия Бону манбаи илҳоми шоир мегардад. Дар шеъри поён баъди фироқи тӯлонӣ умеди дидори ёр ба Лоҳутӣ ба дараҷае шодиовар аст, ки ӯ бемории худро фаромӯш намуда, дар фасли тирамоҳ "лаззати навбаҳор"-ро эҳсос мекунад. Махсусан, ташбеҳоти шоир, ки фарзандонашро ба ситораҳо, модари онҳоро ба моҳи миёни ситораҳо ва худро ба моҳи гирифта монанд мекунад, басо дилнишину ибратбахш ифода шудаанд:
Имрӯз ба пеши ёр рафтам,
Бо ҳолати беқарор рафтам.
Бетоб шудам, чунон ки дар роҳ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё